Ovozi.uz

Имомулкабир ва донишманди беҳамто

Абуҳафси Буҷайрӣ соли 838 дар деҳаи Хушуфағни музофоти Суғди Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 923 дар синни 88‑солагӣ вафот кардааст. Номи пурраи ӯ Абуҳафс Умар ибни Муҳаммад ибни Буҷайр ибни Ҳозим ибни Рошиди Ҳамадонии Самарқандии Буҷайрӣ аст. Ӯ бо нисбаи Буҷайрӣ маъруф буда, хеле пурсамар эҷод намудааст.
Нисбаи Буҷайрӣ ба мавзеъ ё ки касбе вобаста набуда, нисбат ба номи Буҷайр истифода шудааст. Ин номи бобояш Буҷайр ибни Ҳозим аст. Дар «Донишномаи олимони Осиёи Миёна», ки онро олими пажӯҳишгари мисрӣ Абдуллоҳ Абдулҳамиди Саъд мураттаб кардааст, омада ки вожаи «Буҷайр» ба маънои «бобое, ки шиками хурд дорад» аст. Калимаи «буҷайр», инчунин маънои «шиками хурд»-ро дорад.
Дар маъхазҳо номи Абуҳафс Умар ибни Муҳаммад бо нисбаҳои Суғдӣ, Хушуфағонӣ, Самарқандӣ, Буҷайрӣ зикр шудааст. Дар баъзе маъхазҳо бо нисбаи «Буҳайрӣ» низ омадааст. Аммо аксари уламо дар осори худ бо нисбаи Абуҳафси Буҷайрӣ зикр кардаанд. Дар байни мардум низ айнан бо ҳамин нисба машҳур шудааст.
Абуҳафси Буҷайрӣ айёми кӯдакӣ ва ҷавонии худро дар зодгоҳаш деҳаи Хушуфағон гузаронидааст. Маълумоти ибтидоиро аз падараш Абуумари Буҷайр гирифтааст. Баъдан, Абуҳафси Буҷайрӣ ба чанд шаҳру кишвар, аз қабили Хуросон, Басра, Куфа, Шом, Миср, Ҳиҷоз, ки он замон маркази илму фан буданд, сафарҳои илмӣ кардааст.
Муаррих Абулқосим Алӣ ибни Ҳасан ибни Ҳибатуллоҳ ибни Абдуллоҳ — ибни Асокир дар китоби «Таърих-ул-мадинати Димашқ ва зикри фазлиҳа ва тасмияти мин ҳиллиҳа минал амасил» («Таърихи шаҳри Димишқ, фазилатҳои он ва намунаи номгузории ҷойҳои он») овардааст: «Ҳофиз Абуҳафс Умар ибни Муҳаммад ибни Буҷайр ибни Ҳозим ибни Рошиди Ҳамадонии Самарқандии Буҷайрӣ бо нияти омўзиш ва ҷамъоварии ҳадис ба шаҳри Димишқ рафта, дар он ҷо аз бисёр уламои маъруф, мисли Аҳмад ибни Абдулвоҳид ибни Уъбуд, Абуомир Мӯсо ибни Амир Марӣ, Ҳишом ибни Холид, Муҳаммад ибни Ҳошими Баълабаккӣ, Сулаймон Ҳамсӣ, Айюб ибни Алӣ ибни Ҳайсами Канонӣ таълим гирифта, ҳадисҳо шунидааст». Инак, Аллома вақте ки ба Димишқ рафт, бо бисёр олимони машҳури он диёр вохӯрда, бо онҳо сӯҳбатҳои илмӣ оростааст.
Абуҳафси Буҷайрӣ дар назди бисёре аз уламои маъруфи муҳаддис, аз қабили Абумаҳмуд Муҳаммад ибни Муовия (тағои Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмони Доримӣ), Абдуллоҳ ибни Абдураҳмони Доримии СамарқандӣАбд ибни Ҳумайди Кешӣ («Муснади Кешӣ» ном китоб дорад ва устоди Имом Бухорӣ аст) ва Абуабдуллоҳи Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ таҳсил гирифтааст.
Дар муқаддимаи китоби «Фатҳ-ул-борӣ» («Шарҳи ифтитоҳнамудаи эҷодкор»)-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ки яке аз мӯътабартарин шарҳҳо ба маҷмўаи «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ мебошад, чунин омадааст: «Умар ибни Муҳаммади Буҷайрӣ гуфтааст: Шунидам, ки Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ фармуд: «Ман китоби «Ҷомеъ-ус-саҳеҳ»-амро дар Масҷидулҳаром тасниф кардам. Ҳар як ҳадиси ин китобро аз Аллоҳ таъоло талаби хайр намуда, ду ракъат намоз хонда, баъди боварӣ ҳосил намудан ба саҳеҳии он, дохил кардам».
Тавассути ин ривоят метавон фаҳмид, ки Абуҳафси Буҷайрӣ дар як замоне бо султони улуми ҳадис ҳазрати Имом Бухорӣ зиндагӣ доштааст, ҳар ду бо ҳам вохӯрдаанд ва суханони мазкури Имом Бухориро айнан аз худи ӯ шунидааст.
Донишманди димишқӣ Хайриддин ибни Маҳмуд ибни Муҳаммади Зирик­лӣ дар асари «Аълом» эътирофи таъкиднамудаи олими маъруф Заҳабиро овардааст, ки гуфта: «Абуҳафси Буҷайрӣ донишманди беҳамтои замонаш буд. Ман аз он зот беш аз шаст ҳазор ҳадис шунидаам». Аллома ба далели аз ёд донистани ҳадисҳои зиёд, шуҷоат ва тақвои худ дар ҷамъоварии он, бо унвонҳои бошарафе, аз қабили «ҳофиз» (шахсе, ки Қуръони карим ва ҳадисҳои зиёдро аз ёд медонад), «муҳаддиси тақводор», «имомулкабир» (имоми бузург) ва «шайх» сарфароз гардидааст.
Абуҳафси Буҷайрӣ баробари омӯзиш ва ҷамъоварии ҳадис шогирдони зиёдеро низ тарбия кардааст. Дар китоби «Такмилат-ул-икмол»-и Абубакр Муҳаммад ибни Абдулғании Бағдодӣ қайд гардидааст, ки муҳаддис ва ровиёни машҳури замони худ, аз қабили Муҳаммад ибни Собири Бухорӣ, Абуназр Муҳаммад ибни Бакр Деҳқони Самарқандӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Имрони Шошӣ ва Исо ибни Мусои Кошонӣ аз Абуҳафси Буҷайрӣ ҳадис шунида ва аз ӯ ривоят кардаанд.
Доктори фанҳои таърих Неъматулло Муҳаммадов, ки дар таҳқиқи ҳаёт ва мероси илмии алломаҳои шошӣ корҳои бузургро анҷом додааст, дар китоби худ «Мероси илмӣ ва маънавии уламои воҳаи Шош» чунин овардааст: «Абубакр Қаффоли Шошӣ ба Хуросон рафта, аз олимони баркамоле чун Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Хузайма, Муҳаммад ибни Исҳоқи Сарроҷ, Умар ибни Муҳаммад ибни Бухайр (дар маъхазҳо ба тарзҳои «Буҷайр», «Буҳайр» ва «Бухайр» омадааст) Самарқандӣ таълим гирифта, аз дигар табақаҳо ҳадисҳо шунидааст».
Аз маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки Абуҳафси Буҷайрӣ дар фиқҳ, ҳадис, усул ва забоншиносӣ ҳамчун донишманди беҳамто эътироф шудааст. Ба чандин уламо, аз қабили Имом Абубакр Қаффоли Шошӣ устодӣ кардааст.
Абуҳафси Буҷайрӣ ба ҷомеаи илму фан на танҳо бо расонидани уламои баркамол, балки бо осори ғании илмии худ низ саҳми бузург гузоштааст. Дар соҳаи илми ҳадис ва тафсир чандин асар эҷод кардааст. Ӯ муаллифи асарҳо аз қабили маҷмӯаи «Саҳеҳ»-и ҳадисҳо ва «Тафсир» мебошад. Нусхаҳои дастхати маҷмӯаи «Саҳеҳ»-и ӯ дар китобхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ маҳфузанд.
Аллома асари дигаре бо номи «Китоб-ус-сафина» («Китоби киштӣ») низ доштаст. Дар ин бора Абдуллоҳ Абдулҳамиди Саъд дар китоби худ «Донишномаи олимони Осиёи Марказӣ» чунин овардааст: «Набераи Абуҳафси Буҷайрӣ бо номи Аҳмад китобҳои «Ҷомеъ-ус-саҳиҳ» («Маҷмӯаи мӯътамад») ва «Китоб-ус-сафина» («Китоби киштӣ»)-ро хонда аз худ кардааст. Ин китобҳоро худи Абуҳафс таълиф намудааст». Мутаассифона, «Китобус Сафина» то замони мо омада нарасидааст.
Хайриддини Зириклӣ дар китоби «Аълом» оид ба нусхаи дастнависи маҷмўаи «Саҳеҳ»-и Абуҳафси Буҷайрӣ чунин маълумот додааст: «Муҳаддиси мовароуннаҳрӣ, ҳофиз Абуҳафси Буҷайрӣ муаллифи асарҳои «Саҳеҳ» ва «Тафсир» аст. Ӯ дар яке аз деҳаҳои наздикии Самарқанд зиндагӣ кардааст. Ҳоло ин ҷойро «Раъс-ул-қантара» («сарбанд») меноманд. Аллома барои таълим гирифтан ва шунидани ҳадис ба чанд шаҳру кишваре аз қабили Хуросон, Басра, Куфа, Шом, Миср ва Ҳиҷоз сафар кардааст. Нусхаи дастнависи асарҳои «Ҷомеъ-ул-муснад» ва «Тафсир»-и таълифнамудаи ӯ ҳоло дар китобхонаи Зоҳирияи Димишқ таҳти рақами 1067 маҳфуз аст». Нусхаи электронии асари мазкур дар маркази байналхалқии тадқиқотии Имом Бухорӣ низ мавҷуд аст. Он аз 124 саҳифа иборат буда, боби сиюми «Ҷомеъ-ул-муснад» — «Бемориҳо ва вафоти Расулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи васаллам» ва қисми якуми китоби «Тафсир»-ро дар бар мегирад.
Дар ин маврид иқтибоси ҳадиси аввали «Ҷомеъ-ул-муснад»-ро зарур донистем:
«Аз Умми Фазл ривоят шудааст, ки: «Охирин чизе, ки аз Расулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи васаллам шунидам, ин буд, ки дар намози шом Он зот сураи «Мурсалот»-ро хонданд».
Абуҳафси Буҷайрӣ аз муҳаддисони бузург таълим гирифтааст. Ў бо фаъолияти бузурги илмии худ дар рушди соҳаҳои илм аз қабили ҳадис ва тафсир саҳми бузург гузоштааст. Аммо то ҳол дар бораи рӯзгор ва мероси илмии ӯ таҳқиқоти густурда сурат нагирифтааст. Имрӯз дар Маркази байналхалқии илмӣ тадқиқотии Имом Бухорӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Абуҳафси Буҷайрӣ ва китоби ӯ «Ҷомеъ-ул-муснад» корҳои муайян амалӣ мешаванд.

Йӯлдошхон ИСАЕВ,
тадқиқотгари Маркази байналхалқии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ.