Солҳои охир бо ташаббуси Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар мамлакатамон барои дар ҳамаи мавзеъҳо хуб шудани таъминоти қувваи барқ хеле корҳо амалӣ мешаванд. Мақсади асосӣ ба хонадони ҳар як шаҳрванд, вай хоҳ дар шаҳр зиндагӣ кунаду хоҳ дар деҳаи дурдаст бефосила расондани қувваи барқ аст.
Бо ин мақсад филиали вилоятии ҶС «Ҳудудий электр тармоқлари» дар шаҳру ноҳияҳо пресс-тур ташкил мекунад. Пресс-тури навбатӣ рӯзи 18‑уми январ дар ноҳияи Нуробод ташкил гардид.
Журналистон аввал бо фаъолияти кори пункти диспетчерии Нуробод шинос шуданд. Роҳбари корхона Зафар Бобоёров дар бораи фаъолияти яксолаи корхона, сармуҳандиси корхона Ҳамид Кенҷаев роҷеъ ба ускуна ва ҷиҳозҳои электри корхона, ки дар захира аст, маълумот доданд.
Сипас, иштирокдорон дар маҳаллаи Амир Темур бо ҷараёни ба кор даровардани трансформатори нав шинос гардиданд. Маҳаллаи Амир Темур дар маркази ноҳияи ҷойгир буда, дорои 108 бинои бисёрошёна аст ва дар ин ҷо талаб ба қувваи барқ рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Аз ин рӯ, дар ин ҷо 1 дона пункти трансформатори қуввааш 250 kVA гузоштанд.
Иштирокдорон дар маҳаллаи Сазағони ноҳия бо фаъолияти нимстансияи «Сазағон» 110/10 kV шинос гардиданд. Нимстансияи мазур ба 18000 нафар аҳолии маҳаллаҳои Сарой, Сазағон, Тепакул ва 12 корхонаи саноатӣ қувваи барқ мерасонад. Бо мақсади бевосила таъмин кардани истеъмолгарон бо қувваи барқ ин ҷо рӯзҳои наздик боз 1 пункти трансформатори қуввааш 16000 kVA мегузоранд.
Роҳбарони корхона таъкид карданд, ки барои таъминоти ноҳияи Нуробод бо қувваи электр 5 дона трансформатор мавҷуд буда, имрӯзҳо дар нимстансияи «Сазағон» 110/10 kV бо воситаи 1 дона трансформатори қуввааш 16000 kVА, дар нимстансияи «Ҷом» 35/10 бо воситаи 1 дона трансформатори қуввааш 16000 kVA, дар нимстансияи «Улус» 35/10 kVA бо воситаи 2 дона трансформатори қуввааш 4000 kVA, дар нимстансия «Тим» бо воситаи 1 дона трансформатори қувваааш 2500 kVA, дар нимстансияи «Нурбулоқ» 110/10 kVA бо воситаи 2 дона трансформатори қуввааш 6300 kVA кор мекунад.
Шумораи истеъмолгарони корхона 32440‑торо ташкил мекунад, ки аз инҳо 31055‑тоаш истеъмолгарони аҳолӣ ва 1385‑тоаш истеъмолгорони ҳуқуқӣ мебошад. Дар хонадони истеъмолгарон ҷамъ 28326 дона ҳисобкунаки замонавии ASKUE шинонидаанд, ки ба тарзи онлайн кор мекунад.
Корхона дар давоми соли 2023 аз рӯйи тайёрӣ ба мавсими тирамоҳ-зимистони солҳои 2023–2024 таъмири ҷории 125 дона пункти трансформатор, 597,3 километр шабакаи электрро ба реҷа дароварда буд ва ин реҷа пурра иҷро шуд. То 1‑уми феврали соли равон иҷрои корҳои ба тарзи иловагӣ шинонидани 2 дона пункти трансформатор ва таъмини 9,7 километр шабакаи барқрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар корхона аз рӯйи кам кардани қарзҳои дебитории истеъмолгарони қувваи барқ корҳои тарғиботӣ мебаранд. Моҳи январи соли 2023 қарздории дебитории истеъмолгарон 29367000000 сӯм, январи соли 2024 бошад, 15139000000 сӯмро ташкил мекунад. Яъне қарздорӣ ду маротиба кам шудааст.
Имрӯзҳо дар таъминоти электри Нуробод бо мақсади фавран бартараф сохтани ҳолатҳои садама 1‑то бригадаи зудамал ва 7‑то шӯъбаи таъмир ташкил гардида, дар хизмати халқ омодаанд.
Ҷамшед ОБИДОВ
