Ҳайати вилояти Самарқанд таҳти роҳбарии ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус рафт. Дар шаҳри Минск мулоқот бо Олег Козаредов, раиси Раёсати ҶСК «Белинвестбанк» баргузор шуд. Зимни он дурнамои густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби вилояти Самарқанд самтҳои ояндадори амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои чорводорӣ, саноати нассоҷӣ ва мебел, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сайёҳӣ ва тандурустӣ пешниҳод гардид.
Ҳамчунин, ба имкониятҳои «Белинвестбанк» ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла ҷудо намудани кредитҳои имтиёзнок, лизинг ва маблағгузории таъминоти таҷҳизот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштараки сармоягузорӣ изҳор намуданд.
