10-уми август ба як қатор иншооти воқеъ дар шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Татаристон бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла сурат гирифт.
Бар асари ин ҳамлаҳо 7 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон вафот карданд. Дар ин бора Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Қазон хабар додааст. Мувофиқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Татаристон, дар натиҷаи ин ҳодиса ҳамагӣ 13 нафар ҳалок шуда, 39 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Консулгарии генералӣ ба аъзоёни оила ва наздикони шаҳрвандони ҳалокшуда изҳори ҳамдардии амиқ намуда, вазъро таҳти назорат гирифтааст.
«Пас аз анҷоми ташхиси судӣ-тиббӣ ва расмиёти зарурӣ барои ба Ватан баргардонидани ҷасадҳои шаҳрвандони фавтида чораҳои дахлдор андешида мешаванд», — омадааст дар маълумоти консулгарӣ.
