Ноҳияи Тайлоқ минтақаи хурди вилояти мост, вале имкониятҳои бузурги иқтисодӣ дорад. Дар ин ҷо хоҷагии қишлоқ хеле ривоҷ ёфтааст, сабзавоту меваҳои парвариш карда талаботи аҳолии маҳаллиро пурра қонеъ мекунанд. Илова бар ин, ноҳия иқтидори бузурги содиротӣ дорад. Ба ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд: соли гузашта ба давлатҳои хориҷа ба маблағи 20 миллиону 22 ҳазор доллар маҳсулот фиристода шуд. Зиёда аз 50 дарсади содирот ба ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ (12 миллиону 694 ҳазор доллар), маҳсулоти кишоварзӣ — танҳо сеяки ҳаҷми умумии молҳои содиротӣ рост меояд.
Имрӯз дар ноҳия зиёда аз 2,5 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ фаъолият доранд. Соли гузашта корхонаҳои ноҳия азхудкунии 10,8 миллион доллар инвеститсияро ба нақша гирифта буданд, ки то имрӯз ҳаҷми сармоягузорӣ аз 39,9 миллион доллар гузашта аз нақша 4 баробар зиёд аст.
Дар соли 2023 дар ноҳия 140 лоиҳаи арзиши умумиашон беш аз 721 миллиард сӯмина ба кор даромад. Аз он 614 миллиард сӯм маблағҳои худи соҳибкорон, 12,9 миллиард сӯм қарзҳои бонкҳои тиҷоратӣ, 2,1 миллион доллар қарзҳои хориҷӣ мебошанд.
Ҳиссаи асосии лоиҳаҳо ба бахши хизматрасонӣ рост меоянд. Инҳо 93‑то корхона мебошанд, ки 1,3 миллион доллар сармоя ҷалб кардаанд. 25 лоиҳаи нав ба соҳаи кишоварзӣ ва 25 лоиҳаи нав ба рушди корхонаҳои саноатӣ дахл доранд.
Ширкати бинокории бузургтарини минтақа Агромир Buildings соли 2008 таъсис ёфтааст. Корхона дар давоми солҳои фаъолият дар сохтмони биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ пешсаф гардид. Солҳои охир бо Олмон сармоягузорӣ ва ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.
Дар ноҳия 27 корхонаи экспорткунанда мавҷуд аст, ки ба 22 мамлакат қариб сад хел маҳсулот мефиристанд. Корхонаи муштараки «Пет Агро Ойл» оид ба истеҳсоли равғани офтобпараст мавқеи пешсаф дорад. Ҳаҷми шабонарӯзии истеҳсол зиёда аз 300 тонна равғани пахта ва офтобпарастро ташкил медиҳад. Дар давоми соли 2018 таҷҳизоти замонавии брендҳои ҷаҳонӣ аз кишварҳои Италия, Булғористон ва Туркияи Аврупо оварда шуданд. Соли гузашта корхона 5 миллиону 858 ҳазор долларина маҳсулоти тайёрро ба кишварҳои ҳамсоя — Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Туркманистон содирот кард.
Хоҷагии «Сиёб Шавкат Орзу» низ ба маблағи беш аз 5 миллион доллар маҳсулот содир кардааст. Ин дафъа ба давлатҳои хориҷӣ мош, чормағз ва мавиз фиристоданд.
Дар ноҳия корхонаҳои навбунёд низ ҳастанд. Яке аз онҳо «Тайлоқ тӯқима» аст, ки дар маҳаллаи Боғичинор воқеъ мебошад. Он соли 2022 таъсис ёфта, бахмал истеҳсол мекунад. Дар ин корхона ҳоло шуғли 200 нафар коргар таъмин карда шудааст. Иқтидори шабонарӯзии сехи истеҳсолӣ 3000 метр мебошад. Соли гузашта корхона ба Қирғизистон содиротро ба роҳ монд.
Моҳи ноябри соли гузашта дар маҳаллаи Адас ҶММ «Сам фиорента», ки чангкашак истеҳсол мекунад, кушода шуд.
— Бешубҳа, сармоягузорӣ дар рушди неруи истеҳсолии ҷомеа, ноил шудан ба сатҳи баланди рушди иқтисодӣ дар минтақаҳо нақши муҳим мебозад, — гуфт ҷонишини ҳокими ноҳияи Тайлоқ –роҳбари шӯъбаи сармоягузорӣ, саноат ва савдо Нуриддин Нарзитошев. — Баробари ин сармоягузорӣ шарти муҳими баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба шумор меравад. Аз ин рӯ, имрӯз ба пешбурди сиёсати фаъоли сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад.
Дар соли 2024 ба амал баровардани 65 лоиҳа пешбинӣ карда шудааст, ки арзиши умумии онҳо 973 миллиарду 340 миллион сӯмро ташкил медиҳанд. Баробари ба кор андохтани иншоот, сеху хатҳои нав зиёда аз 890 ҷойи корӣ пайдо мешавад. Аз ҷумла, сармоягузорӣ ба рушди соҳаи хизматрасонӣ равона мегардад. 33 лоиҳаи арзиши умумиаш 205 миллиард сўминаро ба кор андохта, 412 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба саноат имсол 764 миллиард сӯмро ташкил медиҳад ва ин дар 30 объект барпо намудани истеҳсолот ва барои бо кор таъмин кардани 463 нафар одам ёрӣ мерасонад. Барои тараққиёти саноати қишлоқ се миллиард сӯм маблағгузорӣ мекунанд. Дар назар аст, ки дар ин ҷо ду лоиҳаи нав амалӣ шуда, беш аз 20 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Мухбири худамон.
Имкониятҳои содиротии Тайлоқ меафзояд
