Ovozi.uz

«Ҳазорон ташаккур ба онҳо, ки моро азиз медоранд»

Имсол дар мамлакатамон зери шиори «Ҷасорат — ғурур ва ифтихори миллат» Рӯзи хотира ва қадршиносӣ, инчунин 79‑солагии ғалаба бар зидди фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қайд карда шуд.
Бар асоси қарор ва фармони роҳбари давлатамон аз 16‑уми апрели соли равон дар вилояти мо барои қайд кардани санаи мазкур ҳамаҷониба тайёрӣ диданд. Барои ҳифзи ичтимоӣ ва додани ёрии моддӣ, беҳдошти шароити зисти собиқадорони ҷанг ва меҳнат, инчунин вакилони авлоди кӯҳансол корҳои васеъмиқёс амалӣ гардиданд. Дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо бо вакилони авлоди кӯҳан вохӯрӣ ва тадбирҳои маданӣ-маърифатӣ гузаронданд.
Ҳоким вилоят Э. Турдимов бо фаъолони вилоят ва фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ дар хонадони иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шуд, ба онҳо табрики Президентамон ва мукофоти пулӣ, инчунин, туҳфаҳои ҳокимияти вилоятро супурданд.
Аз ҷумла, сокини ноҳияи Самарқанд Аҳмад Очилов ҳангоми гирифтани табрики раисҷумҳурамон ва мукофоти 20 миллион сӯмина таъкид кард, ки аз Президентамон миннатдор аст.
— Вақте ки ҳокими вилоятамон дар рӯзҳои Иди наврӯз ба хонадонамон омада табрик ва тӯҳфаҳои Президентамонро ба мо супурд, сарам ба осмон расида буд, — гуфт Аҳад Очилов, ки қариб 100 — сола шудааст. — Ҳамон шодмонӣ ва фахр то ҳол ба ман мамнунӣ мебахшад. Ва имрӯз боз мукофот ва тӯҳфаҳо гирифтем. Ҳазорон ташаккур! Онҳое, ки моро эъзоз мекунанд, ҳамеша сиҳату саломат бошанд.
Ҳокими вилоят сокини шаҳри Самарқанд Михаил Колмогоровро низ табрик карда, мукофоти пулии роҳбари давлатамонро супурд. Ҳангоми сӯҳбат дар атрофи дастархони пурфайз роҷеъ ба қадри тинҷӣ, эътибор ва ғамхорие, ки дар диёрамон нисбати пиронсолон нишон медиҳанд, таълим ва тарбияи ҷавонон сухан рафт. М. Колмогоров ба меҳмонон арзи синос намуда, онҳоро низ бо ид табрик кард.
Сардори Садорати корҳои дохилии вилоят, роҳбари сектори дуюм Р. Мамадов бо як гурӯҳ мутасаддиён сокини ноҳияи Ургут Бӯрон Гадоевро бо ид табрик кард ва ба ӯ табрики Президенту мукофоти пулиро расонд. Инчунин, ба бобо тӯҳфаҳои ҳокими вилоят ва ноҳияро супурд.
Роҳбарони вилоятамон ба Раҳмат Қобилов ва Раҳим Юсуфови каттақӯрғони низ табрик ва тӯҳфаҳои Раисҷумҳурамонро бо тантана супурда, онҳоро бо ид табрик карданд.