Ovozi.uz

Таълими босифат — асоси тараққиёти мамлакат


Рӯзи 8‑уми майи соли равон ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба Донишкадаи давлатии педагогии Ӯзбекистон-­Финляндия ташриф фармуда, бо профессор-­устодони донишкада мулоқот кард.
Дар рафти сӯҳбат масъалаҳои минбаъд ривоҷ додани фаъолияти донишкада, афзунсозии салоҳияти илмӣ, беҳсозии сифати таълим, такмили системаи бозомӯзии кадрҳои педагогӣ, роҳандозии технологияҳои муосири таълимӣ ва ғайра муҳокима гардиданд.
— Таълими босифат гарави ояндаи дурахшони кишвар ва яке аз омилҳои муҳимтарини ҳалли мушкилоти инсонҳо ба ҳисоб меравад, — гуфт ҳокими вилоят Э. Турдимов. — Агар ба соҳаи таълим эътибор надода, онро ба ҳоли худ гузорем, тараққиёт намешавад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки нигоҳи худро тағйир диҳем, ба кӯдакистон ва мактабҳо рафта, бо фаъолияти онҳо шинос шавем.
Баъд мулоқоти кушоди ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов бо донишҷӯёни донишкада баргузор гардид. Донишҷӯён асосан аз рӯйи масъалаҳо роҷеъ ба фароҳам овардани шароит барои татбиқи лоиҳаҳои стартап, ташкили намоишгоҳҳои онлайн, парвариши растаниҳои доруворӣ ва ғайра муроҷиат карда, дар ҳалли онҳо ёрии амалӣ пурсиданд. Ғайр аз ин, ташаббусҳои ҷавонон бобати ривоҷдиҳии тадбиркорӣ шунида шуд.
Аз рӯи ҳар як муроҷиати донишҷӯён ба масъулон дастуру супоришҳои зарурӣ дода, иҷрои онҳо таҳти назорат гирифта шуд.
— Дар рафти вохӯрӣ бештар масъалаҳои иқтисодӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд, — гуфт донишҷӯи донишкада Гулноза Ҳошимова. — Донишҷӯён дар бораи лоиҳаҳои нави худ ҳарф зада, барои татбиқи онҳо ёрии амалӣ пурсиданд. Ман аз ҳокими вилоят бобати кушодани самти таълими технологӣ дар шуъбаи магистратура кӯмак пурсидам. Гуфтанд, ки масъала аз ҷониби мутасаддиён омӯхта мешавад.
Дар доираи ташриф ҳокими вилоят бо корҳое, ки бобати ободонии донишкада амалӣ мегарданд, шинос шуд ва зарурати бунёди шаҳраки замонавии донишкадаро таъкид намуд. Ҳамзамон, аз шароитҳои синфхонаҳои донишкада дидан карда, бо «устохона»-и эҷодие, ки донишҷӯён бо меҳнати дастии худ оро додаанд, шинос шуд.


Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Самарқанд.