Ovozi.uz

Ҳеҷ гапи дурӯғе не

Боре як одами нобино дар болои зинапояи биное бо кулоҳе дар пеши пояш бо навиштаҷоти “Ман кӯрам, илтимос ёрӣ расонед” менишаст.

Як кас аз паҳлӯяш гузашта мерафт ва дар назди ӯ қарор гирифт. Вай ба ногиро нигарист, ки дар даруни кулоҳаш ҳамагӣ чанд танга дошт. Вай ба даруни кулоҳ як ҷуфт танга партофт ва бе иҷозати нобино дар лавҳа калимаҳои нав навишт. Вай онро дар назди марди нобино гузошта, ба роҳаш рафт.

Охири рӯз вай баргашта омад ва дид, ки кулоҳ аз тангаҳо пур аст.

Нобино вайро аз шарфаи пояш шинохт ва пурсид ки оё ӯ ҳамон одаме нест, ки дар навиштаҷоти хати лавҳаро аз нав навиштааст. Марди нобино ҳам донистан мехост ки ӯ маҳз чиро навиштааст. Вай ҷавоб дод:

– Ҳеҷ гуна гапи дурӯғе не. Ман танҳо он гапҳоро саҳл ба тарзи дигар навиштам.

Вай табассум кард ва рафт.

Навиштаҷоти нави рӯйи лавҳа чунин буд: “Ҳозир баҳор аст, вале ман онро дида наметавонам!”

©️ «Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!». Дар таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова