Оғози фасли баҳор, арафаи 8-уми март буд. Дар Боғи марказии истироҳатии шаҳри Самарқанд чанд фурӯшанда пуфак мефурӯхтанд. Пуфакҳои рангоранг шакли дилро доштанд. Пуфакфурӯшон фарёд мекарданд:
— Барои дӯстдоштаатон пуфак гиред! Беҳтарин тӯҳфа барои духтарон пуфак аст!
Яке аз пуфакҳо, ки чанд рӯз боз касе онро намехарид, рӯ ба дигар пуфакҳо оварду гуфт:
— Бефоида… Касе намегирад.
Пуфакҳое, ки фурӯшанда нав оварда буд, аз суханони ӯ ҳайрон шуда пурсиданд:
— Аз куҷо медонӣ? Шояд гиранд…
Пуфаки якум гуфт:
— Пештар буд, ки ошиқон ба дӯстдоштаи худ гул, пуфак ё ҳадяи дигар мехариданд. Ҳозир меҳру муҳаббат кам шудааст. Ишқ хор шуд. Савдои сари кӯчаю бозор шуд. Садоқату вафодорӣ аз байн рафт.
Пуфаки дигаре ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд:
— Ту аз куҷо медонӣ, ки садоқат аз байн рафт?!
Пуфаки якум рӯ ба дарвозаи даромадгоҳ оварда гуфт:
— Он духтараки зардинамӯро, ки бо ҷавони қадбаланд меояд, мебинед?
— Ҳа, — гуфтанд пуфакҳо.
— Ҳамон ҷавон ду рӯз пеш дар ҳамин хиёбон бо дигар духтар даст ба даст мегашт.
Ё он духтари адраспӯш, ки дар курсӣ менишинад, дишаб бо ҷавони дигар дар ҳамин ҷо саргарми сӯҳбати «ошиқона» буд.
— Чӣ хел дар як дил ду муҳаббат ҷой мегирад? — содалавҳона пурсид пуфаке.
— Чӣ хел муҳаббат? — баланд гуфт пуфаки якум. — Инҳо ошиқи ҳамдигар нестанд ва дар байни онҳо муҳаббат ҳам нест. Чунки пойдевори ишқу муҳаббат садоқату вафодорист. Инҳо ҳама бевафоёнанд…
Юсуф ҒАФФОРОВ
Ошиқони бевафо
