Ovozi.uz

Аббосбек Файзуллоев — гаронарзиштарин футболбози минтақаи Осиёи Марказӣ

Нимҳимоятгари ЦСКА (Русия) ва мунтахаби Ӯзбекистон Аббосбек Файзуллоев гаронтарин футболбози минтақаи Осиёи Марказӣ эътироф шуд.

Бино ба маълумоти портали Transfermarkt, арзиши футболбоз 1 млн зиёд шуда, акнун 6 млн евроро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, болоравии арзиш бевосита ба комёбиҳои футболбози 20-сола вобаста аст: Файзуллоев ҳам дар даста ва ҳам дар тими мунтахаб бозии хуб нишон медиҳад.

Дар 32 бозии мавсими гузашта дар ҳайати ЦСКА Аббос 5 гол зда, 14 партоби головар анҷом додааст. Дар ҳайати мунтахаби Ӯзбекистон Файзуллоев бори нахуст дар таърих ҳамроҳи даста ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт.

Дар зинаи дуюм аз рӯйи нарх дар минтақа боз як ҳамватанамон, ҳамлагари тими “Каляри”-и Италия Элдор Шомуродов ва нимҳимоятгари мунтахаби Қазоқистон ва тими “Бешикташ”-и Туркия Бахтиёр Зайнутдинов қарор доранд. Нархи ҳар кадоме аз онҳо 5 млн евро арзёбӣ шудааст.

Гаронтарин футболбози Тоҷикистон дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов — мебошад, ки нархаш 1,2 млн евро арзёбӣ шудааст. Чанде пеш ӯ ба дастаи Премйер-лигаи Русия — “Ростов” гузашт.

Футболбози гаронтарин дар Қирғизистон Гулжигит Аликулов аз тими “Неман”-и Беларус — 550 ҳазор евро мебошад. Гаронтарин футболбози Туркманистон — бизингари “Китчи” Руслан Миргазов — 450 ҳазор евро эътироф шудааст.

Ҳаштгона (Топ-8)-и гаронтарин футболбозони минтақаи Осиёи Марказӣ:

  1. Аббосбек Файзуллоев (Ӯзбекистон), ЦСКА М – 6 млн евро.
  2. Элдор Шомуродов (Ӯзбекистон), «Кальяри», Бахтиёр Зайнутдинов (Қазоқистон), «Бешикташ» — ҳар кадоме 5 млн. евро
  3. Азиз Ғаниев (Ӯзбекистон), «Шабоб Ал-Ахли», Нурали Алип (Қазоқистон), «Зенит» — ҳар кадоме 3 млн. евро
  4. Абдуқодир Хусанов (Ӯзбекистон), «Ланс» — 2,50 млн. евро
  5. Отабек Шукуров (Ӯзбекистон), «Кайсериспор» — 2,20 млн. евро
  6. Ҷалолиддин Машарипов (Ӯзбекистон), «Эстеглал» — 1,70 млн. евро
  7. Хушниддин Алиқулов (Ӯзбекистон), «Ризеспор», Одилҷон Ҳамробеков (Ӯзбекистон), «Навбаҳор», Игор Сергеев (Ӯзбекистон), «Патхум Юнайтед», Рустам Ятимов (Тоҷикистон), «Истиқлол» — ҳар кадоме 1,20 млн. евро
  8. Ҳоҷиакбар Алиҷонов (Ӯзбекистон), «Пахтакор», Азизбек Тургунбоев (Ӯзбекистон), «Сивасспор», Хоҷимат Эркинов (Ӯзбекистон), «Ал-Вахда» — ҳар кадоме 1 млн. евро.