6-уми октябри соли 2025 қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи ташкил кардани чораву тадбирҳои ҳимояи самараноки ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон” қабул шуд.
Мувофиқи қарор, аз 1-уми марти соли 2026 эътиборан мӯҳлати ниҳоии маҳсулотҳое, ки дар системаи тамғагузории рақамӣ ҷоришуда гузашта бошад, фурӯши онҳо дар асоси системаи мазкур ба тарзи автоматӣ манъ карда мешавад.
Дар маҳсулотҳои тамғагузории рақамишудае, ки муддати истеъмолашон ба охир расидааст дар дастгоҳи назорати касса квитансияи харид нишон дода намешавад.
Аз 15-уми октябри соли 2025 то 1-уми январи соли 2027 тартиби баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон ва гузаронидани «харидори ниҳонӣ» аз тарафи ташкилотҳои нодавлатию тиҷоратӣ ба сифати озмоиш ҷорӣ карда мешавад.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон аз 1-уми декабри соли 2025 системаи “Истеъмолкунанда-тадбиркор-ташкилотҳои ғайритиҷоратии давлатӣ-органҳои давлатӣ” ба роҳ монда мешавад.
