Фарҳанг
Зулфия Исроилова — шоираи машҳур ва намоёни ӯзбек аст. Шоира барои баробарҳуқуқии занони Шарқ дар ҷамъият мубориза бурдааст. Таъсири ашъори Зулфия ифодаи ҳақиқати даврони пуршукӯҳ ва мураккаби мо, симои дурахшони дилу кирдори ҳамзамонони мост. Вай намояндаи барҷаста ва пуршарафи халқи ӯзбек, корманди машҳури ҷамъиятӣ мебошад, ки барои сулҳ мубориза бурдааст. Хислаташ намунаи зани хақиқӣ, бовафо, тавоно аст, ки то имрӯз ва дар оянда барои духтарони Ӯзбекистон ва мамолики Шарқ намунаи ибрат хоҳад буд.
Ҷозибаи қуввати шеърро шоира дар се чиз мебинад: покӣ, нерӯ ва шуҷоат. Ӯ дар бораи шеъру шоирӣ гуфтааст: «Дарвоқеъ, дар ҷое, ки ҷасорат нест, шеър ба назар намерасад ва қудрат нест, дар он ҷо шеър нест. Ин хислатҳои назм ҳамдигарро сахт пайваста аст, якдигарро пурра мекунанд».
Ба гуфтаи Зулфия, лирика аз шоир самимият ва меҳнатдӯстиро талаб мекунад. Дар офаридани ҳар як асари шоирона иштироки дил ниҳоят муҳим аст, ки ба ҳар ҳуҷайраи асар хуну ҷон медиҳад. Ҷойи таваллуд, муҳити зист ба эҷодиёт таъсири калон мерасонад. Вақте ки сухан дар бораи эҷодиёти Зулфия меравад, калимаро ҳам, эҳсосотро ҳам, ғояро ҳам дарди дили вай идора намудааст, гӯем хато намешавад.
Зулфия ду ҷанги ҷаҳониро дидааст. Дар рӯзҳои хеле вазнин умр ба сар бурдааст. Ӯ дар мавзӯъҳои Ватан, озодӣ, меҳр, муҳаббат, гулу лола ва ғайра эҷод кардааст. Шеърҳои ӯ ҳамеша дарднок аст. Дар мавридҳои кам шеър бо хушиву хурсандӣ суруда шудааст.
Дар шеърҳои шоира дили ғамноки модар хеле рӯшан намоён аст.
Шеърҳои ӯро лирикаи гарму ҷӯшон фаро гирифтааст. Дар ашъораш шоира модар, вафо ба ёрро ба дараҷаи меъёри асосии инсоният бардоштааст, ки бидуни он инсони воқеан комилро тасаввур кардан душвор аст (Х. Умуров). Дар ашъори шоира қаҳрамонии модар, зани вафодор тасвир ёфтааст. Ӯ меҳри зан, меҳри модарро аз сидқи дил ҳис мекунад ва ба рӯи коғаз меорад. Ишқи қаҳрамони лирикии ӯ бепоён аст.
Истеъдоди Зулфия дар солҳои сахти ҷанг нашъунамо ёфт. Дар шеърҳои ӯ овози ватандӯстона садо доданд. Дар достони «Варо Фарҳод мегуфтанд» («Uni Farhod der edilar») -и шоира нафрат нисбат ба фашистони ғоратгар ва боварӣ ба ғалаба ифода ёфтааст. Дар суруди модари аскар-писар, зани ғамгини шавҳар, ҷанговари фронти диловар, ки модарашро ёд мекунад, бо нигаронии ғамангез тасвир ёфтааст:
«Бахтнинг тоза шу осмонида,
Гўзал баҳор наҳор онида.
Офат каби босиб келди ёв,
Фашист бўлди орзуларга ғов.
Ақл, юрак, санъат, истеъдод,
Ҳаво, тупроқ, сув — бутун ҳаёт —
Ҳаёт учун отилди жангга,
Жонни тикиб она-Ватанга
Жўнай берди ишчи, пахтакор,
Жўнай берди олим, санъаткор…»
Тамоми меҳнаткашон, хоҳ он коргари оддӣ, хоҳ пахтакор, хоҳ фермер, хоҳ олим, хоҳ сароянда бошад, барои озодӣ ва ғалабаи Ватан бархостанд. Дар ҷанг аз Ӯзбекистон 1,5 миллион нафар иштирок намуда, аз онҳо ним миллион нафар ҳалок шуданд. Зулфия ҳатто дар лаҳзаҳои видоъ бо онҳо ҳам бо роҳи оҳан қадам мезанад, ба воситаи фикру зикр манзараи ин диёри муқаддасро ба тасвир мекашад:
«Сени ўраб олган тоғлар тўшига,
Тўлин ой ёймоқда кумуш кокилин,
Бу куч оҳуларининг кўрган тушига
Қулоғим солмайин кетмагим қийин…»
«Лекин она —Ернинг зўр экан дами —
Меҳрибон қўнингдан букун кетаман.
Сени шоирларинг севгани каби
Тошкентни ҳам, сени бирдай севаман.
Шоира дар як замони ноором умр ба сар бурда, барои пешрафти адабиёт ва забон саҳми худро гузоштааст. Ӯ аз ҷавониаш ба адабиёт шавқу завқ дошт. Дар синни 17_солагиаш китоби шеърҳояш чоп шудааст. Шеърҳои шоираро ба зиёда аз 20 забони дунё тарҷума намудаанд. Бесабаб нест, ки Зулфияро се нафар ҳамзамони машҳур таъриф кардаанд:
Ғафур Ғулом, Шоири халқии Ӯзбекистон: «То ҳол дар ёдам ҳаст, ки зуҳури номи Зулфия дар шеъри ӯзбек як ҳодисае буд, ки ба тавлиди ситораи саҳарӣ монанд аст, ҳақиқат мисли худи ҳамон субҳ дурахшон ва ҳақиқӣ аст!»
Миртемир, Шоири халқии Ӯзбекистон: «Зулфиябегим, эй зебои замон! Маликаи назокат дар шакли шеър! Офтоби коинот, баҳори табиат, покдомании зан ва табассуми тифли баробар ба дунё, ангуштарин низ нигин дорад, ки рамзи некиву зебоии баланд аст ва шумо дар санъати мо нигин ҳастед…»
Воҳид Зоҳидов, академик: «Вақте ки дар деҳаи Чинори кӯҳистони Қурамон осори ҳунарҳои мардумиро гирдоварӣ мекардам, бо Зулфия ном духтаре шинос шудам. Падараш муаллим аст. Вақте гуфтам, ки «Номи нек гузоштаӣ» гуфт: «Номи шоираамонро гузоштем, то шоира, бошараф ва вафодор ба вазифааш бошад. Ман хеле мутаассир шудам».
Таърифҳое, ки дар боло гуфтем, хеле пуршараф буда, ба ин таърифҳо сазовор шудан кори ҳар кас нест! Зулфия як шахсияти барҷастаи халқи ӯзбек мебошад.
Беҳрӯз БОЙМУРОДОВ,
донишҷӯи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бухоро
