Ovozi.uz

Инъикоси образи муаллим дар мероси бузургон

Касби омӯзгорӣ яке аз пешаҳои қадими дунё ба шумор меравад. Вай дар назди инсон нисбат ба сифатҳои шахсии ӯ — қобилият, хислат, дониш, маҳорат, малакаҳо талаботи калон мегузорад. Омӯзгорон ва мутафаккирони ҳар давру замон оид ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас мавқеи махсус доштани омӯзгорро дар ҳалли масъалаҳои мазкур таъкид намуда, роҷеъ ба масъалаи тайёр намудани омӯзгорони оянда, сифатҳои шахсӣ ва муваффақияти фаъолияти ӯ фикрҳои ҷолиб баён намудаанд.
Маълум аст, ки бузургони гузаштаи мо ҳанӯз то замони таълифи «Қобуснома» дар бораи зарурияти аз тарафи устод ба насли наврас талқин намудани илму донишомӯзӣ фикрҳои пурқиммате баëн карда буданд. Маҳз устод бо ëрии илму дониш ба дили шогирд равшанӣ андохта, ба роҳи нек роҳнамоӣ мекунад. Масалан, «Футувватномаи султонӣ» пурарзиштарин осори панду ахлоқии Ҳусайн Воизи Кошифӣ буда, дар заминаи футувватномаҳои қаблӣ ба вуҷуд омадааст.
Дар илми педагогикаи имрӯза оид ба маънои асосии «муаллим» ҳамчун шахси аз ҷиҳати педагогию психологӣ ва донишҳои тахассусӣ ба таълиму тарбияи насли наврас мусаллаҳбуда дар назар дошта шуда, мазмуни ин талабҳо дар асари номбурда хеле хуб инъикос ëфтааст. Фикру мулоҳизаҳои Кошифӣ барои ба касби муаллимӣ тайëр будан хеле ҷолиби диққатанд. Ҳамон кас пири комил, яъне омӯзгори ҳақиқӣ эътироф мегардад, ки агар шарту меъëрҳои ин касбро донад ва дар худ ташаккул дода бошад.
Кошифӣ инчунин ба мавқеи устод (муаллим) дар ҳаёти ҷамъиятӣ-­иҷтимоӣ ва тарбияи насли наврас фикрҳои пурқиммат гуфтааст. Ӯ таъкид намудааст, ки «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад ва ҳар ки бе устод коре кунад, бе бунëд бошад. Агар касе ба мартабаи кашфу каромат расад ва корҳои куллӣ аз ӯ дар вуҷуд ояд ва ӯро устоде (ҳеҷ устоде) ба устоди дуруст набошад, аз ӯ ҳеҷ коре наояд ва кори ӯ ҳеҷ чизро нашояд ва ин ҷо гуфтаанд:
Ҳар киро устод набвад,
кор бар бунëд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе
беҳтар аз устод нест.

Пас, ҳар ки хоҳад (ки коре) ба асл бошад, ибтидо ба устоди комил бояд кард. Ба ғояти далел равшан аст, бар он ки устод бояд ва бе мутоибати устод аз ҳеҷ кас коре наояд:
Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хидмат куну устод шав.

Инчунин, Камолиддини Биноӣ насли ҷавонро даъват мекард, ки омӯзгор-­устодро азиз доранд ва ҳурмату эҳтиром намоянд. Касе, ки устоди худро ҳурмат намекунад, ӯ дар зиндагӣ ба ҷое намерасад. Биноӣ ҳурмати устодро дар ҷои аввал мегузошт ва эҳтироми ӯро нисбат ба падар афзалтар мешуморад ва дар ин бора мегӯяд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.

Дар замони худ Сайидои Насафӣ ҳам вазифаи муаллимро баланд бардоштааст. Инкишофи тамоми сифатҳои неки инсонӣ дар шогирдон маҳз зери роҳбарии бевоситаи тарбиядиҳанда ба амал меояд. Агар хонандаро омӯзгор замони таҳсилаш дар мактаб аз таҳти дил таълиму тарбия диҳад, ӯ бе шубҳа дар ҷомеа соҳибэҳтиром ва шахси баландмартаба мегардад. Сайидо дар бораи он ки ҳеҷ кас бе роҳбарии мураббӣ одами комил ва боэътибори ҷамъият шуда наметавонад, чунин навиштааст:
Бе мураббӣ нашавад ҳеҷ касе соҳибном,
Сангро мекунад афлок ақиқи яманӣ.

Оид ба масъалаи нақши муассир доштани омӯзгор ҷиҳати дар рӯҳияи ахлоқи шоиста тарбия намудани насли наврас, ақидаҳои панду ахлоқии Насируддини Тӯсӣ хеле ҷолиб мебошанд. Ӯ таъкид намуда, ки тарбияи насли наврас аз бисёр ҷиҳат ба инкишофи санъати омузгорӣ вобаста мебошад, ки ин дар сурати аз тарафи омӯзгор аз худ намудани асосҳои илмҳои гуногун ва ба даст овардани таҷрибаи ҳаётӣ муяссар мешавад. Насируддини Тӯсӣ нисбат ба омӯзгор чунин талаботро ба миён гузоштааст: маҳорати ташкил намудани баҳс, ки исботи раднашавандаро дар худ доро бошад; ҳис намудани боварии чуқур нисбат чизи гуфта мешуда; нутқи хеле хуб; мантиқан баён намудани маводи таълимӣ.
Мутафаккири барҷаста Абӯнаср ал-­Форобӣ дар таълиму тарбияи хонандагон мавқеи ҳалкунанда доштани омӯзгорро махсус таъкид намудааст. Ӯ таъкид намуда буд, ки омӯзгор хоҳад, ки аз шогирдон самимият, ростқавлӣ, эҳтирому ҳақиқатро талаб намояд, пеш аз ҳама, худи ӯ бояд дорои чунин сифатҳо бошад.
Олими номдор Закариёи Розӣ менависад, ки «Тарбиятгарро зарур аст, ки камбудӣ ва норасоиҳои тарбиягирандагонро саривақт нишон диҳад ва ҳеҷ вақт аз онҳо хафа нашавад, бо тамасхур ба онҳо нанигарад, нисбат ба онҳо ҳисси нафрат надошта бошад. Баръакс дар назди шогирд чеҳраи хандон дошта, суханони ӯро оромона ва ҷиддӣ гӯш кунад.
Закариёи Розӣ таъкид менамояд, ки дар ҳама ҳолат тарбиятгирандагонро гӯш карда тавонистани устод муҳим аст ва кӯшиш намудан лозим, ки аз онҳо қаноатманд бошад. Вале агар омӯзгор бинад, ки хонанда аз шарм чизеро пинҳон мекунад, ё ин ки аз гуфтани ягон чиз худдорӣ менамояд, ё ин ки аз шарҳи рафтори ноҷои худ шарм карда, онро пурра баён карда наметавонад, пас дар ин сурат муаллими оқил бояд худро мушаввашхотир ва бадқаҳр нишон надиҳад. Ҳамзамон огоҳ намояд, ки инро аз ӯ чашмдор набуд ва тарбиятгар аз ӯ чизи дар қиёфаи ӯ намоёнбударо ба таври равшан эҳсос кардааст. Бинобар ин, муаллим доимо вазъи рӯҳии хонандаро ҳам дар рафти дарс ва ҳам дар ҷараёни тарбия ба ҳисоб гирифта, ҳамчун устоди моҳир амал намояд.
Ҳамзамон ин мутафаккир таъкид менамояд, ки мураббӣ бояд ҳамаи тарафҳои ҳаёти тарбиятгирандаро донад. Дар ин ҳолат мумкин аст имконият пайдо шавад, ки хонанда пурра ба ихтиёри тарбиятгар гузарад ва ӯро ҳамчун шахси наздику дӯсти вафодор ҳисобад.
Бояд зикр намуд, ки дар асрҳои ХVI–ХVII дар мадрасаҳо на ҳама донишмандон ва аҳли уламову фузалои давр мударрис шуда метавонистанд. Барои дар мадрасаҳо ба кори омӯзгорӣ шуғл варзидан, ҳар касро ба кор намегирифтанд. Нисбат ба омӯзгорон талабот ниҳоят сахт буд. Аввалан ба касби омӯзгорӣ нафарони пуртоқат, дорои асаби мустаҳкам, сахтгир, вале ҳалиму меҳрубон интихоб карда мешуданд. Ҳамзамон дар мактабу мадрасаҳо омӯзгоронеро ба кор мегирифтанд, ки нисбат ба дигарон дониши васеи ҳаматарафа дошта, дар байни аҳли фазлу камол шӯҳрати беандоза калон пайдо карда буданд.
Талаботи дигари педагогие, ки бузургони мо ба миëн гузоштаанд, ин дорои сифатҳои неки ахлоқӣ будани омӯзгор ва ҳамчунин баланд бардоштани донишу маҳорати педагогии эшон мебошад.
Ба қавли мутафаккиронамон, барои сайқал ëфтани маҳорати педагогии омӯзгорон натанҳо такмил додани донишҳои касбӣ, балки дар баробари ин андӯхтани таҷрибаи пешқадами якдигар ва ба ин восита баланд бардоштани малакаи педагогии ҳар як омӯзгор низ зарур аст.
Омӯзгор, аз нуқтаи назари бузургон бояд яке аз шахсиятҳои боэътибори даврони худ шинохта шавад, шогирдони арзанда тарбия намояд, ки пешбаранда ва равшандиҳандаи ҳастии ҷамъият бошанд, ҳамон тавре ки Абдурраҳмони Ҷомӣ таъкид намудааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Талабот ба омӯзгор ва касби омӯзгорӣ дар замони муосир боз ҳам меафзояд. Ҳамон нафаре омӯзгори ҳақиқӣ шуда метавонад, ки агар соҳиби дили бузург бошад, ба дунёи афсонавии кӯдакон ворид шуда тавонад ва дар мавриди зарурӣ худро тифл ҳисобад. Танҳо дар ҳамин сурат кӯдакон ба омӯзгор чун одами тасодуфӣ не, балки ҳамчун шахсияти азизу боэътимод нигоҳ хоҳанд кард.
Яке аз вазифаҳои асосии муаллимон ба олами мураккаби муносибатҳои инсонӣ ворид намудани хонандагон мебошад, ки ин яке аз муҳимтарин вазифаҳои тарбия аст. Хонандагон бояд дар симои муаллим шахси ғамхору меҳрубон, ҳассос, кушодачеҳра, соҳиби лутфу эҳсон ва ҳалиму меҳрубонро бинанд. Омӯзгор бояд аз чашм ва чеҳраи хонанда тапиши қалби ӯро эҳсос кунад. Муаллим ба ин танҳо тавассути одоби баланди педагогӣ ва ҳиссиёти чуқури эмотсионалӣ муваффақ шуда метавонад. Чи тавре ки В. А. Сухомлинский навиштааст: «Ба муаллим бисёр вақт лозим меояд, ки ба ҷои ҷарроҳ бошад ва ба дардмандтарин ҷои одам даст расонаду худи одам аз ин бехабар монад».
Имрӯз фаъолияти муаллим дар шароити нави муносибатҳои иҷтимоӣ-­иқтисодӣ бо гуногунмазмунӣ, гуногунсоҳавӣ пурра мегардад, чунки маҳз ӯ дар ташкилу ба роҳ мондани шаклу усулҳои нави таълиму тарбия дар мактаб шахси асосӣ ба шумор меравад ва фаъолияти ӯ баҳри дар амал татбиқ намудани тайёрии касбии мутахассисони асри XXI равона карда мешавад.

Файз ГУЛМАДОВ,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.