Дар шаҳри Самарқанд барои тренерони минтақавии комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавии интихоботӣ, ки интихоботи палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шӯроҳои маҳаллиро мегузаронанд, аз рӯйи омодагӣ ва гузаронидани интихобот машғулотҳои хонишӣ-амалӣ оғоз гардид.
Дар рафти машғулотҳо, ки чор рӯз давом хоҳад кард, боз ҳам такмил додани донишу малакаи тренерони минтақавӣ, ба онҳо фаҳмонидани навгониву тағйирот дар равандҳои интихоботи имсола дар назар аст.
Дар семинари омӯзишӣ профессор-устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд маърӯзаҳо намуда, дар бораи тағйироту иловаҳои қонунгузории интихобот, таҷрибаи байналмилалӣ ва амалиёти миллӣ, камбудиҳое, ки дар интихоботҳои пешина роҳ дода шудаанд ва масъалаҳои пешгирии онҳо маълумот медиҳанд.
Аз ҷумла, дар рафти тренингҳо «Системаи омехтаи интихобот ва хусусиятҳои хоси он», «Сохтор ва ҷиҳатҳои асосии фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ», «Кор бо рӯйхати интихобкунандагон дар интихобот», «Таҷҳизонидани биноҳое, ки комиссияҳои участкавии интихоботӣ ҷойгир шудаанд ва ташкили овоздиҳии пеш аз мӯҳлат», «Ҳамкории комиссияи қитъавии интихобот бо дигар иштирокчиёни ҷараёни интихобот (ВАО, мушоҳидон, намояндагони мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ) барин мавзӯъҳо баррасӣ хоҳад шуд.
Инчунин, фаъолияти комиссияи қитъаи интихоботӣ дар рӯзи овоздиҳӣ, ҳисоб кардани овозҳо ва пур кардани ҳисоботҳо тавассути машғулотҳои амалӣ фаҳмонида мешавад.
Ғ.ҲАСАНОВ
