Ovozi.uz

Омодагӣ ба «Таронаҳои Шарқ» идома дорад

Рӯзҳои 206-30-юми август дар Самарқанд XIII фестивали мусиқии байналмилалии «Таронаҳои Шарқ» гузаронида хоҳад шуд. Имрӯзҳо корҳои омодагӣ ба фестивал ва маросими кушодашавии он бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.
Дар майдони Регистон аз ҷониби коргардон, ҳунарпеша ва устодони санъати маъруфи ҷумҳурӣ барномаи маросими кушодашавии фестивал таҳия мешавад
— Ин фестивалро, ки ба туфайли пандемия якчанд сол гузаронида нашуд, бисёриҳо пазмон шуданд, — гуфт ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон Учқун Тиллоев. — Мана, боз ҷашни санъат ба шаҳри қадима ва ҳамешаҷавон баргашт. Худи ман дар фестивалҳои X, XI, XII-и «Таронаҳои Шарқ» сухандон будам. Имсол бошад, дар маросими кушодашавии фестивал симои шахсони таърихиро меофарам. Бо коргардон, ҳунарпеша ва устодони санъат, ки ба ҷараёнҳои тайёрӣ ҷалб гардидаанд, якҷоя меҳнат мекунем. Имсол ҳам таърих, фарҳанг ва санъати кишварамонро ба ҷаҳониён намоиш медиҳем
Мувофиқи суханони коргардонҳо, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани маросими кушодашавӣ 650 нафар иштирокдор ба ҷараёнҳои омодагӣ ҷалб гардидаанд.

Ф.Рӯзибоев