Ovozi.uz

Дар Самарқанд чемпионати чоруми Осиё-Океания гузаронида шуд

Дар шаҳри Самарқанд аз рӯйи намуди ITKF каратэ-до байни ҷавонон, наврасон, калонсолон ва собиқадорон чемпионати чоруми Осиё-Океания гузаронида шуд.
Дар мусобиқа, ки таҳти ҳамкории Федератсияи ITKF каратэ-дои Ӯзбекистон, корхонаҳои «Меҳригиё», «Сутелло» ва Донишгоҳи байналхалқии кимиёи Тошканд ташкил гардид, аз қариб 18 кишвари ҷаҳон беш аз 500 нафар варзишгарон иштирок карданд.
– Самарқанд шаҳри куҳан аст ва аз ин сабаб аксар орзуи тамошои обидаҳои онро доранд, — гуфт президенти Федератсияи ITKF каратэ-дои Осиё-Океания Иброҳим Ал Бакр. – Камина низ бори аввал ба Самарқанд омадам. Боиси эътироф аст, ки дар Ӯзбекистон сол то сол шумораи дӯстдорони каратэ меафзоянд ва ҳоло дар кишваратон беш аз 5 ҳазор нафар бо ин намуди варзиш шуғл меварзанд. Ӯзбекистон қабл аз ин низ як маротиба ба чемпионати ҷаҳон ва се маротиба ба чемпионати Осиё мизбонӣ кардааст. Чемпионати чоруми Осиё-Океания низ дар сатҳи олӣ баргузор гардид, ки барои ин аз ташкилотчиён миннатдорем.
Мусобиқа имрӯз анҷом меёбад.