Бисёриҳо гумон мекунанд, ки грипп (зуком) танҳо дар фасли зимистон паҳн мешавад. Аммо ба гуфти мутахассисон ин бемории вирусӣ метавонад дар ҳар фасли сол, аз ҷумла дар рӯзҳои гарми тобистон низ ба вуҷуд ояд. Сабаби асосии сирояти беморӣ робитаи наздик бо шахси бемор ва паҳншавии вирус тавассути қатраҳои нафас мебошад.
Нишонаҳои асосии грипп таби баланд, дарди сар, дарди мушакҳо, сулфа, дарди гулӯ, обравӣ аз бинӣ ва беҳолии умумӣ мебошанд. Ҳангоми пайдо шудани ин аломатҳо, бемор бояд истироҳат карда, моеъи зиёд истеъмол намояд ва аз худмуолиҷа бо антибиотикҳо худдорӣ кунад. Табобати грипп, пеш аз ҳама, ба сабук кардани нишонаҳо ва дастгирии қувваи бадан равона мешавад. Дар ҳавои гарм хатари беобшавии организм бештар аст. Аз ин рӯ, нӯшидани оби зиёд, шарбатҳои табиӣ ва шӯрбоҳои сабук барои нигоҳ доштани тавозуни моеъи бадан аҳамияти калон доранд. Истеъмоли ғизои сабук ва серкалория низ ба зудтар барқароршавии организм мусоидат мекунад. Хона бояд мунтазам шамол дода, ҳарорати он мӯътадил нигоҳ дошта шавад.
Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан ё дарди сару мушакҳо метавон бо тавсияи духтур доруҳои пасткунандаи таб ва зиддидард истифода бурд. Антибиотикҳоро барои табобати грипп истифода намебаранд, зеро грипп бемории вирусӣ аст ва антибиотикҳо танҳо бар зидди бактерияҳо таъсир доранд. Онҳо дар сурати ҳамроҳ шудани сирояти бактериявӣ ва бо тавсияи духтур таъин карда мешаванд.
Дар ҳавои гарм нигоҳ доштани муҳити салқин ва ҳавогузар муҳим аст. Ҳамзамон то пурра шифо ёфтан бояд аз нӯшокиҳои спиртӣ ва фаъолияти вазнини ҷисмонӣ худдорӣ кард.
Агар грипп сари вақт ва дуруст табобат нашавад, ба бемориҳои илтиҳоби шуш, гӯш, бемориҳои дил ва роҳҳои нафас меорад.
