Ovozi.uz

Зарафшон на танҳо зар меафшонад…

(Аз сафҳаи хотирот)

Чаро дарёи мо Зарафшон ном гирифтааст? Ин савол солҳои зиёд маро ба андеша мебарад. Зеро ҳар қадар бештар ба таърихи ин дарё назар меафканам, ҳамон қадар бештар эҳсос мекунам, ки дар паси ин ном на танҳо маънои луғавӣ, балки як ҷаҳон таърих, фарҳанг ва ҳикмати мардум нуҳуфтааст.

Дар сарчашмаҳои қадимӣ ин дарё бо номҳои Заробшор (ё Зарфишон), Политимет, Суғд, Матча ва дар баъзе маъхазҳо Намик низ ёд шудааст. Аммо маҳз номи «Зарафшон» аз ҳама бештар маънидор ва рамзист.

Ин калима аз ду ҷузъ таркиб ёфтааст: зар — тилло; афшон — афшонидан, пошидан. Яъне, Зарафшон — «тиллоафшон», «тиллопош», «дарёе, ки зар меафшонад».

Аммо оё ин танҳо як ташбеҳи шоирона аст?

Бисёр муҳаққиқон бар он назаранд, ки дар гузашта дар қумҳои болооби ин дарё воқеан зарраҳои тилло мавҷуд буданд. Мардум қумро рӯйи намад рехта, бо об мешустанд. Қум шуста мешуд, вале зарраҳои тилло дар қабатҳои пашми намад боқӣ мемонданд. Бо ҳамин усули сода баъзеҳо соҳиби сарват мегардидаанд.

Падарам, Олимҷон Орифӣ, ки солҳои зиёд аз фанҳои химия ва биология дарс медоданд ва таркиби химиявии обро хуб медонистанд, низ ин воқеиятро борҳо нақл кардаанд. Вале андешаи он кас аз худи тилло фаротар мерафт.

Мегуфтанд: «Шояд ҳамин таърих ба ҷаҳонбинӣ ва рӯҳияи мардуми соҳилҳои Зарафшон таъсир расондааст. Аз ҳамин сабаб бошад, ки одамон, ҳатто дар рӯзҳои тангдастӣ ҳам намехостанд худро муҳтоҷ нишон диҳанд. Қарз пурсиданро ба худ муносиб намедонистанд ва иззати нафси худро нигоҳ медоштанд.

Худашон нони кам дошта бошанд ҳам, меҳмонро бенон намемонданд. Моҳҳо гӯшт нахӯрда бошанд ҳам, меҳмонро бе таоми муносиб гусел намекарданд…»

Албатта, ин андеша ва фарзияи шахсии падарам буд. Аммо дар он нуктаи ҷолиби иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нуҳуфтааст.

Он кас ин андешаи худро чунин шарҳ медоданд: «Зарафшон дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардум танҳо оби ширин надодааст. Ӯ заминҳоро шодоб гардонида, боғҳоро сарсабз кардааст, барои рушди кишоварзӣ саҳм гузоштааст. Дар соҳилҳои он шаҳрҳои бузург бунёд ёфта, илму адаб, ҳунар, меъморӣ ва фарҳанги волои Суғд баръало ба назар расидаанд. Аз ин рӯ, Зарафшон на танҳо манбаи об, балки ҳамзамон манбаи зиндагӣ, ободӣ, фаровонӣ ва тамаддун низ мебошад».

Ҷолиби диққат он аст, ки имрӯз ҳам дар байни калонсолонамон як таъбири зебои мардумӣ шунида мешавад. Агар касе аз доираи одобу ахлоқ, меҳрубонӣ ё одамгарӣ андаке дур равад, калонсолон нимҷиддӣ ва нимшӯхӣ мегӯянд: «Ҳа, дар вақтҳои охир оби бегона менӯшӣ? Зудтар ба нӯшидани оби Зарафшон баргард!»

Дар назари аввал ин танҳо як шӯхии мардумӣ менамояд. Аммо дар паси ин сухан маънои амиқе нуҳуфтааст. Гӯё оби Зарафшон на танҳо ташнагиро мешиканад, балки инсонро ба асли худ — ба меҳрубонӣ, саховат, нангу номус, меҳмоннавозӣ ва одамгарӣ бозмегардонад.

Аз ин рӯ, Зарафшонро метавон на танҳо дарёи тилло, балки дарёи маърифат, дарёи фарҳанг, дарёи ахлоқ ва дарёи тамаддун низ номид. То даме, ки Зарафшон ҷорист, умед дорем, ки он на танҳо заминҳои моро, балки рӯҳу маънавияти моро низ ҳамеша шодоб нигоҳ медорад.

Муқимҷон ОРИФӢ