Нашрияи Sky Sports тахмин кардааст, ки ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду кай метавонад ба нишондиҳандаи 1000 голи задашуда дар корномаи касбиаш бирасад. Таҳлил бар асоси суръати голзании футболбоз дар бозиҳои даста ва дастаи миллӣ анҷом дода шудааст.
Криштиану Роналду айни замон 948 гол дорад. Ду голи охирини Криш дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бар зидди Венгрия (2:2) ба қайд гирифта шуд. Ҳангоми таҳияи пешгӯӣ, шумори бозиҳоеро ба назар гирифтанд, ки ҳамлагари 40-сола метавонад дар ҳайати бошгоҳ ва мунтахаб анҷом диҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, Криштиану Роналду голи 1000-умро дар моҳи октябри соли 2026 ба самар мерасонад. То поёни соли оянда шумораи умумии голҳои ӯ ба 1008 мерасад. Дар мавсими ҷорӣ Роналду дар шаш бозӣ барои бошгоҳ панҷ гол задааст.
