Ovozi.uz

Имтиёз ва имкониятҳои Янги Тошкент дар маҷмааи «Ширин»-и Самарқанд низ татбиқ мешаванд

Зимни ба истифода додани иншооти нав дар Янги Тошкент, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба суст пеш рафтани корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи «Ширин»-и шаҳри Самарқанд таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Тавре зикр гардид, сохтмони маҷмааи «Ширин» ҳамзамон бо лоиҳаи «Янги Тошкент» оғоз ёфта буд. Бо вуҷуди ин, корҳои ободониву сохтмонӣ дар ин мавзеъ то ҳол бо суръати суст идома доранд.

Аз ҷумла, барои соҳибкорон ҳамагӣ 19 гектар замин ҷудо карда шудааст, дар ҳоле ки қитъаҳои боқимонда ҳанӯз азхуд нашудаанд.

Ҳамчунин, қарор буд то 1 сентябр пули васлкунандаи маҷмаа бо маркази шаҳри Самарқанд ба истифода дода шавад. Аммо иҷрои ин лоиҳа дар муҳлати пешбинишуда ҳанӯз зери суол аст. Илова бар ин, кӯчонидани биноҳои ҳокимияти вилояти Самарқанд ва идораҳои дахлдор то ҳол оғоз наёфтааст.

Ба гуфтаи роҳбари давлат, фаъолияти нокифояи худи мақомоти давлатӣ ба тасмими соҳибкорон барои сармоягузорӣ дар ин лоиҳа таъсир мерасонад.

Бо назардошти ин ҳолат, қарор шудааст, ки имтиёз ва имкониятҳое, ки қаблан барои Янги Тошкент эълон гардида буданд, дар маҷмааи «Ширин» низ татбиқ шаванд.

Интизор меравад, ки ба сармоягузорон лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод гардида, барои фаъолияти онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ин иқдом метавонад ба суръат бахшидани азхудкунии ҳудуди маҷмаа ва ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ ба рушди он мусоидат намояд.