Портали маъруфи Transfermarkt, ки ба арзёбии арзиши бозории футболбозон машғул аст, маълумоти нави худро оид ба бозигарони Премйер-лигаи Англия дар мавсими 2026/2027 нашр кард.
Дар садри рейтинги футболбозони гаронарзиши чемпионати Англия ҳамоно ҳамлагари «Манчестер Сити» Эрлинг Ҳоланд қарор дорад. Арзиши бозории ҳамлагари норвегӣ 220 миллион евро арзёбӣ шудааст.
Пас аз Ҳоланд дар рейтинг якбора чор футболбоз қарор гирифтаанд, ки арзиши бозории ҳар кадоми онҳо 120 миллион евро мебошад. Ҳамин тариқ, Ҳоланд бо фарқияти назаррас аз гурӯҳи таъқибкунандагон мавқеи худро дар садри рӯйхат нигоҳ доштааст.
Transfermarkt арзиши бозории футболбозонро бар асоси як қатор омилҳо, аз ҷумла синну сол, сатҳи бозӣ, омор, вазъи шартнома, талабот дар бозори трансфер ва дурнамои рушди футболбозон арзёбӣ мекунад.
Феҳристи гаронарзиштарин бозигарони Премйер-лигаи Англия дар мавсими 2026/2027 тибқи фарзияи Transfermarkt.
➖ 1.Эрлинг Ҳоланд («Манчестер Сити») — € 220 млн. ➖ 2.Энтсо Фернандес («Манчестер Сити») — € 120 млн. ➖ 3.Эллиот Андерсон («Манчестер Сити») — € 120 млн. ➖ 4.Морган Роҷерс («Челси») — € 120 млн. ➖ 5.Деклан Райс («Арсенал») — € 120 млн. ➖ 6.Райан Шерки («Манчестер Сити») — € 120 млн. ➖ 7.Коул Палмер («Челси») — € 110 млн. ➖ 8.Букайо Сака («Арсенал») — € 110 млн. ➖ 9.Жоао Педро («Челси») — € 100 млн. ➖ 10.Брэдли Баркола («Ливерпул») — € 100 млн. ➖ 11.Вилям Салиба («Арсенал») — € 100 млн. ➖ 12.Доминик Собослаи («Ливерпул») — € 100 млн. ➖ 13.Мойсес Кайседо («Челси») — € 100 млн.
