Ovozi.uz

Барои пешгирӣ накардани ҷиноят низ ҷазо гирифтанд

Сессияи Шӯрои вилоят

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта сессияи навбатии шонздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид.

Дар сессия, ки ба он раиси Шӯро Ш.Негматов сарварӣ намуд, аввал қарорҳои ҳокими вилоят дар бораи Шербек Бӯроновро ҷонишини якуми ҳокими вилояти Самарқанд, Наврӯзҷон Раҳмонов, Ботир Ҷабборов ва Хуршидбек Самиевро ҷонишинони ҳокими вилоят таъин кардани ҳокими вилоят тасдиқ карда шуд.

Сипас, ахбори прокурори вилоят Муродқосим Эшназаров роҷеъ ба чораҳои беҳдошти вазъи криминогенӣ, пешгирии саривақтии ҷиноятҳо ва бартараф намудани омилҳо шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мувофиқи қарори Роҳбари давлатамон аз 3‑юми январи соли равон «Дар бораи чораҳои фароҳам овардани муҳити бехавф дар маҳаллаҳо ва боз ҳам баланд бардоштани самаранокии сохтори саривақт пешгирӣ намудани ҳуқуқшиканиҳо дар ҳар як маҳалла, механизми нав оид ба пешгирии саривақтии ҳуқуқшиканӣ ва барқарор шудани вазъияти криминогенӣ роҳандозӣ гардид. Дар ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳо харитаи роҳи чораҳои манзилноки семоҳа таҳия ва иҷро карда мешаванд. Роҷеъ ба иҷрои харитаи роҳ чорабиниҳои профилактикӣ гузаронда, дар маҳаллаҳо 10721 камера, 1504‑то демофон гузоштанд. 1950‑то «роҳрави намунавии бехавф» ва 794‑то «кӯчаи намунавии бехавф» ташкил намуданд. 11563‑то объектро ба ҳифзи техникӣ гирифтанд ва 291‑то тугмаи «ташвиш» гузоштанд.

Муаммоҳои маишӣ-­иҷтимоии наздик ба 32 ҳазор нафар шахс ҳал шуд, ки эҳтимоли содир намудани ҳуқуқшиканӣ, ё ки аз он ҷабр дидани онҳо баланд буд. Дар натиҷа, 976‑то дуздӣ ва ҷиноятҳои дигар, инчунин қурбони ҷиноят шудани 1344 нафар шахс пешгирӣ карда шуд. Шумораи маҳаллаҳои тоифаашон «сурх» 109‑то буда (10 дарсад), нисбати соли гузашта ба таври назаррас кам шудааст.

— Дар натиҷаи ҳамкорӣ, дар вилоят ҷиноятҳои вайронкорӣ, таҷовуз ба номус, гирифта гурехтани воситаҳои нақлиётӣ, ҳодисаҳои роҳу нақлиёти бо марг вобаста кам шуданд, ки ба кайфият ва вазъияти криминогенӣ бевосита таъсир мерасонанд, — гуфт М.Эшназаров. — Вале дар натиҷаи ба дараҷаи зарурӣ иҷро накардани чорабиниҳои иҷтимоии профилактикии баъзе масъулон, баъзе навъҳои ҷиноятҳо зиёд шуданд. Аз ҷумла, маълум шуд, ки қисми асосии ҷиноятҳо чун қотилӣ ва расондани ҷароҳат ба бадан аз созиш накардан дар доираи муносибатҳои оилавӣ ва ҳаётӣ рӯй додаанд.

86 дарсади ҷиноятҳо (103‑то), ки бо зӯроварии оилавӣ ва расондани ҷароҳат ба бадан вобастаанд ва 82 дарсад (9‑то)-и қотилӣ айнан аз накардани созиш дар масъалаҳои оилавӣ содир гардидаанд, 90 нафар мутасаддӣ, ки ба вазъияти криминогении вилоят бо масъулият назар накардааст, ба ҷавобгарӣ кашида, 4 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Прокурори вилоят дар 6 моҳи соли равон аз 5112 ҷинояти рӯйдода, 2011‑тои онҳо дар соҳаи технологияҳои ахборӣ рӯй додани онҳо ва дар муҳити виртуалӣ рӯй додани 1769‑тои онҳоро қайд намуда, таъкид кард, ки дар пешгирии чунин ҷиноятҳо барои баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ фаъолона иштирок кардани намояндагони халқ ва ҷомеаи васеъ зарур аст.

Дар сессия бар асоси қонун «Оиди эътироф намудани ҳуқуқҳо ба қитъаҳои замин, ки худсарона азхуд карда ва бинову иншоотҳое, ки дар онҳо сохта шудаанд» бар асоси ҳуҷҷатҳои воситаи сохтори автоматии ахбори «Эътироф»-и Агентии кадастр расида, ҳуқуқи мулки 250 нафар шаҳрванд ба тарзи қонунӣ эътироф гардид.

Ҳангоми баррасии масъалаи мазкур корҳое, ки барои иҷрои қонун амалӣ мешаванд, таҳлили танқидӣ карда шуданд. Гуфта шуд, ки идораҳои ваколатдор ба пурсишҳои аз рӯйхат гузаронда, барои тасдиқ намудан тақдим шуда саривақт ҷавоб дода намешавад. Дар ин самт натиҷаи муроҷиатҳое, ки Шӯро ба ҳокимият ва идораҳои дахлдор фиристодааст, дар сессияҳои оянда баррасӣ карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар сессия масъалаҳое аз қабили андози молу мулки шахсони юридикӣ, боздоштани муддати пардохти андози замин ва андоз барои истифода аз захираҳои об (қисм-қисм пардохтан), молиягузории инфрасохтори лоиҳаҳои драйверии зинаи 2‑юми «Таҷрибаи зарбдор», ки дар мавзеъҳо ба рушди иқтисодӣ такон медиҳанд, тасдиқи сарнақшаи баъзе ҷамъомадҳои шаҳрвандони маҳалла дар ноҳияҳо ва схемаи рушди маҳаллаҳои ҳамшафати онҳо аз ҷиҳати шаҳрсозӣ, додани рухсат ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ҷамоатӣ баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.