Ovozi.uz

Триатлон миёни ҳарбиён: киҳо чемпион шуданд?

Дар Маркази байналмилалии сайёҳии «Роҳи абрешим»-и шаҳри Самарқанд 25‑умин Чемпионати ҷаҳон оид ба триатлон миёни ҳарбиён (25th CISM World Military Triathlon Championship) баргузор гардид.

Пеш аз оғози мусобиқа, бо иштироки созмондиҳандагон ва варзишгарон барои намояндагони ВАО ва аҳли ҷомеа нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҷонишини Вазири мудофиа, полковник Алишер Норбоев, сардабири Шӯрои байналмилалии варзиши ҳарбӣ (CISM) Роберто Реччиа ва доварони мусобиқа иштирок намуда, дар бораи аҳамияти мусобиқа, ҷараёни омодагии варзишгарон ва барномаи чемпионат маълумоти муфассал доданд.

Дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар аз 13 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз Ӯзбекистон, Белгия, Канада, Испания, Франсия, Германия, Словения, Швейтсария, Қатар, Россия, Эрон, Португалия ва Қазоқистон ширкат варзиданд. Мусобиқаҳо дар ду бахш — якка ва ҷамоавӣ баргузор гардиданд. Варзишгарон дар шиноварӣ ба масофаи 750 метр дар оби кушод, велосипедронӣ ба масофаи 19 километр ва давидан ба масофаи 5 километр қувва озмуданд.

Дар қувваозмоиҳои яккагии мусобиқа дар тоифаи элита триатлончиёни фаронсавӣ Дориан Коннинх ва Натҳан Лессман ҷойи якум ва дуюмро гирифтанд, ҷои сеюмро ҳамватани мо Жереме Куиндос соҳиб шуд.

Дар самти «Senior» байни калонсолон Кирилл Голдовискийи россиягӣ, Боулч Бертранди фаронсавӣ ва Невес Марсиои португалӣ ба марра аввалин шуда омаданд.

Дар баҳсҳое, ки миёни бонувон сурат гирифт, Матилда Готеи фаронсавӣ ҷои якум, Тяша Вртачичи словениягӣ ҷои дуюм ва Селия Мерлеи фаронсавӣ ҷои сеюмро сазовор гардиданд. Намояндаи кишвари мо Алина Ҳакимоваи самарқандӣ аз панҷгонаи беҳтарин ҷой гирифт.

Дар самти «Senior» байни калонсолон ҷои якум ба Анастасия Абросимоваи россиягӣ, ҷои дуюм ба Сара Гравеси канадагӣ ва ҷои сеюм ба Лорето Пастор Сопеланаи испанӣ насиб кард.

Дар баҳсҳои ҷамоавӣ ҷойҳои 1,2,3‑ро ҷамоаҳои Швейтсария, Франсия ва Россия сазовор гардиданд. Ҷамоаи мо ба марра чорум шуда омад.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ