Ovozi.uz

Оксана Чусовитина дар Германия соҳиби ҷоиза шуд

Ҳоло дар шаҳри Котбуси Германия марҳилаи аввали Ҷоми ҷаҳонии гимнастикаи варзишии соли 2025 баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ варзишгарони машҳури дунё, қаҳрамонони Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон ширкат варзида, барои ғалаба талош мекунанд.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз Оксана Чусовитина, афсонаи гимнастика ва ҳамватани мо, ки имсол синни 50-ро пешвоз мегирад, маҳорати баланди худро нишон дод.

Дар нахустин мусобиқаи муҳимми сол, ки барои ба даст овардани холҳои зарурӣ ҷиҳати роҳёбӣ ба Бозиҳои олимпии “Лос-Анҷелес — 2028” аҳамияти калон дорад, Оксана Чусовитина дар барномаи скоки такягоҳӣ бо гирифтани 13.249 хол ба медали биринҷӣ соҳиб шуд.