Дар Самарқанд форуми чоруми миллии устодон зери шиори «Омӯзгори бомаҳорат — такягоҳи миллат» баргузор гашт.
Дар оғози чорабинӣ, ки роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълими ҳамагонӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҳамкор иштирок доштанд, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд А.Бобоев суханронӣ намуда, дар бораи ислоҳоти соҳаи таълим дар вилоят ва натиҷаҳои он, ҷамъбасти соли таҳсили гузашта ва нақшаҳои соҳа барои соли нави таҳсил ҳарф зад.
Имрӯзҳо дар вилоят 1272 мактаби таълими миёнаи умумӣ, 44 мактаби хусусӣ, 19 мактаби тахассусӣ ва 1 мактаби Президент фаъолият доранд. Дар ин муассисаҳо 61 ҳазору 500 нафар омӯзгорон ба 771 ҳазор нафар донишомӯзон таълим медиҳанд.
Дар соли хониши гузашта 1889 нафар хатмкунанда мактабро бо медали тилло хатм намуда, 342 нафар хатмкунанда ба муассисаҳои таълими олии кишварҳои хориҷӣ грант бурд карда, пеш аз муҳлат донишҷӯ шуданд. 15 нафар донишомӯз дар олимпиадаҳои байналмилалӣ бомуваффақият иштирок намуданд.
— Боиси хушнудист, ки дар вилояти мо комёбиҳои омӯзгорону донишомӯзон торафт зиёд мешаванд, — гуфт А. Бобоев. — Бо вуҷуди ин, бисёр муаммову камбудиҳо ҳамон ҳалли худро интизоранд. Дар 86 мактаби мо дараҷаи таълим паст аст. Ҳарчанд дар вилоят нишондиҳандаи миёна аз рӯи сифати омӯзгорон, яъне ҳиссаи омӯзгорони тоифаи олӣ ва якум 31 дарсадро ташкил мекунад, дар ноҳияҳои Ургут 24,2, Иштихон 25,7, Каттақӯрғон 26,1, Пастдарғам 26,6 ва Пайариқу Нуробод 27 дарсад будани ин нишондиҳандаҳо бояд роҳбарони ин минтақаҳоро ба андеша водор намояд. Нишондиҳандаҳои мо аз рӯи сертификатҳои миллӣ ва байналмилалӣ гирифтани омӯзгорони забонҳои хориҷӣ низ хуб нест. Масалан, имрӯзҳо дар мактабҳои таълими умумии вилоят 5384 нафар омӯзгорони забонҳои хориҷӣ фаъолият доранд, ки 1699 нафар ё 31 дарсади онҳо сертификат нагирифтаанд. Нишондиҳандаҳои ба муассисаҳои таълими олӣ қабул шудани хатмкунандагони мактабҳо низ ғайриқаноатбахш мебошад. Имсол аз 50286 нафар хатмкунандагони мактабҳо 13499 нафар (26,8 дарсад) ба таълими олии давлатӣ қабул шуданд. Ин нишондиҳанда дар ноҳияҳои Ургут 15, Самарқанд 19,7 ва шаҳри Самарқанд 24,7 дарсадро ташкил медиҳад.
Роҳбари вилоят, ҳамчунин ба масъалаҳои ҳалталаби самти беҳтар намудани заминаи моддию техникии мактабҳо таваққуф намуда, дар назди ҳокимони ноҳияву шаҳрҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд М.Ҳамдамов оид ба ҷамъбасти соли хониши гузашта ҳисобот дод ва роҷеъ ба вазифаҳое, ки дар соли хониши 2025/2026 амалӣ мешаванд, сухан ронд. Дар форум ба як гурӯҳ омӯзгорони фаъол ва ташаббускор ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотирмони ҳокимияти вилоят ва садорати таълими томактабӣ ва мактабӣ супурда шуданд.
Ғ.ҲАСАНОВ
