Ovozi.uz

Дар се вилоят беш аз 11 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шуд

Хидмати бехатарии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои муайянеро барои мубориза бо он анҷом медиҳад.

Аз ҷумла, сокини ноҳияи Ургут, соли таваллудаш 1998, тартиби муқарраршударо вайрон карда, кӯшиш кардааст, ки 8 кг 860 грамм моддаи “опий”-ро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути роҳҳои контрабанда ба кишвари мо гузаронад. Ӯ ба талаби Қӯшунҳои сарҳадии Хидмати бехатарии давлатӣ, ки марзи давлатии «ӯзбек-тоҷик»-ро посбонӣ мекунанд, итоат накарда, маводи мухаддирро партофта, ба самти номаълум фирор кардааст. Аммо, дар натиҷаи чораҳои фаврӣ, боздошт шуд.

Дар рафти ҷустуҷӯҳои пешакии тафтишот, шахси дигар, сокини ноҳияи Ургут, ҳамчун шарики ҷиноятии ӯ муайян карда шуд ва бо тартиби протсессуалӣ боздошт карда шуд.

Дар парвандае, ки дар вилояти Сурхондарё сабт шудааст, сокини ноҳияи Деҳнав, ки қаблан барои ҷинояти марбут ба савдои маводи мухаддир маҳкум шуда буд, аз ҷониби кормандони Хидмати бехатарии давлатӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ тафтиш карда шуд ва дар наздаш 31 грамм «опий» ёфт шуд.

Пас аз ин, маълум шуд, ки ӯ аз як шаҳрванд, ки дар ноҳияи Деҳнав зиндагӣ мекунад, маводри марговарро харидорӣ кардааст ва 1 кг 483 грамм «опий» низ ҳамчун далели шайъӣ аз манзили фурӯшандаи маводи мухаддир мусодира карда шуд.

Дар парвандае, ки дар вилояти Хоразм мушоҳида шудааст, сокини ноҳияи Гурлан, ки қаблан ду маротиба барои ҷинояти марбут ба савдои маводи мухаддир маҳкум шуда буд, ҳангоми фурӯши 877 грамм «гашиш» ба харидор ба маблағи 14 ҳазор доллари ИМА боздошт шуд.

Маълум шуд, ки ин маводи мухаддир аз ҷониби наркокурерҳои маводи мухаддири тоҷикистонӣ тавассути роҳҳои гардишӣ ба кишвари мо оварда шудааст.

Айни замон, нисбати ҳамаи ин афрод тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноӣ оғоз ва чораи эҳтиётии «ҳабс» татбиқ шудааст.