Ҳайати намояндагон таҳти роҳбарии Рита Алмейда, сарвари бахши ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ бо ташкилотҳои таълимӣ, ки дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ фаъолият доранд, ба Самарқанд омаданд.
Дар вохӯрӣ бо ҷонишини якуми вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ – директори Агентии таълими томактабӣ Агриппина Шин корҳое, ки тӯли солҳои 2019-2023 таҳти ҳамкории Агентии таълими томактабӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар асоси лоиҳаи «Такмилдиҳии рушди барвақти кӯдак» дар вилоятҳои Самарқанд ва Намангон амалӣ шудаанд, таҳлил гардида, аз рӯйи идомаи марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур мубодилаи афкор намуданд.
Мақсад аз татбиқи ин лоиҳа бо таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакони минтақаҳои дурдасттарин буд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳа дар ноҳияи Тайлоқи вилоят фаъолияти “Маркази рушди барвақт” роҳандозӣ гардида, дар ин ҷо 846 нафар бачагони ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ, фарзандони оилаҳои камбизоат ва кӯдакони ба таълими инклюзивӣ ниёздошта бо таълим фаро гирифта шуданд. Ба онҳо 36 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд.
Аъзои ҳайати вакилон бо фаъолияти ин марказ шинос шуданд.
Таълиму тарбияи кӯдакон дар марказ аз рӯи се модел сурат мегирад. Яъне, дар модели аввал ба хонадони кӯдаконе, ки бо таълими томактабӣ фаро гирифта нашудаанд, рафта, ба онҳо таълиму тарбия медиҳанд. Дар модели дуюм, дар марказ ба гурӯҳи кӯдакони аз 3 то 6 сола таълимдиҳӣ дар асоси бозӣ ташкил карда мешавад. Дар модели сеюм барномаи инклюзивии рушди барвақти кӯдакони 3-6 сола татбиқ гардида, ба кӯдакони ба таҳсилоти иловагӣ эҳтиёҷ дошта, дар хонаашон таълим дода мешавад.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур дар соли хониши 2021-2022 нӯҳ нафар ва дар соли таҳсили 2022-2023 ҳафт нафар кӯдакони эҳтиёҷманди таҳсилоти махсус имконият пайдо карданд, ки дар мактаби муқаррарӣ дар як синф бо ҳамсолони худ таҳсил кунанд.
Хидмати матбуоти Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят.
Натиҷаи самарабахши лоиҳаи муштарак
