Ovozi.uz

Бодиринг

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст

1. Бодирингро бихӯранд, пешобро меронад.

2. Тухми бодирингро кӯфта, ба варами гарм гузошта банданд, онро таҳлил медиҳад.

3. Ҳар рӯз се дирам тухми бодирингро кӯфта бихӯранд, варами сипурзи одамони гарммизоҷро таҳлил медиҳад.

4. Бодирингро бихӯранд, ташнагиро дафъ мекунад.

5. Тухми бодирингро кӯфта, аз рӯ бар меъда гузошта банданд, тафсидани онро дафъ мекунад.

6. Тухми бодирингро кӯфта, ба зери ноф гузошта банданд, пешоби бастаро равон мекунад.

7. Хӯрдани бодиринг суддаи ҷигарро мекушояд.

8. Чилу панҷ мисқол оби бодирингро бо даҳ дирам наботи кӯфтагӣ ширин карда биёшоманд, ахлоти сӯхтаи сафровӣ ва савдовиро аз бадан дафъ мекунад.

9. Хӯрдани бодиринг сустии аъзоро, ки аз рафтани дарун дар натиҷаи гармӣ бошад, нафъ дорад.

10. Бодирингро пора карда бӯй кунанд, ё оби тари онро ҳамчун лахлаха бибӯянд, рӯҳи нафсонӣ ва ҳайвониро афзун мекунад, инчунин бемориҳои гарми майнаро, ки тез бошанд, шифо мебахшад.

11. Ҳар рӯз чаҳор дирам тухми бодиринро кӯфта бихӯранд, захми шушро шифо мебахшад.

12. Қадаре қаранфули гарданро дар оби бодиринги пиршуда, ки зард мебошад, як шабонарӯз тар карда, баъд он обро бо мо-ул-асал биёшоманд, суддаҳоро мекушояд.

13. Бодирингро бихӯранд ё пора карда ба пешонӣ ва сар гузошта банданд, ё бурида бимоланд, дарди сареро, ки сабаби он ғалабаи моддаҳои гарм бошад, дафъ мекунад.

14. Се мисқол оби барги бодирингро бо ду чанди он пешоби соҳиби сипурз биёшоманд, сипурзро таҳлил медиҳад.

15. Бодиринги пири зардшударо кӯфта, обашро гирифта, дар он қадаре қаранфули гарданро як шабонарӯз тар карда, баъд он обро бо мо-ул-асал биёшоманд, хафақонро (тапидани дил), ки аз гармӣ бошад, дар як рӯз сиҳат мекунад.