Инсон ҳамеша барои адолат талош мекунад. Зеро, тамоюли адолат асоси мустаҳками ахлоқӣ ва ҳуқуқии ҳар як ҷамъият мебошад.
Дар ҷомеае, ки адолат пойдор аст, сулҳу субот ҳукмфармост, эътимоди мардум ба сиёсати давлат меафзояд, ҳисси иштироки шаҳрвандон ба ояндаи Ватан зиёд мешавад.
Татбиқи адолат ҳадафи асосии ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон мебошад. Бо ин мақсад, ҳизб пеш аз интихоботи навбатии Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Жўқорғи Кенгес ва Шӯроҳои халқии вилоят, ноҳия ва шаҳрҳоро ба интихобкунандагон пешкаш намуда, кӯшиш мекунад, ки дар ҳар ҷабҳа адолати иҷтимоиро татбиқ созад, ғояи «Ба сӯи имкониятҳои баробар ва адолати иҷтимоӣ»-ро мунтазам амалӣ гардонад.
Ҳизб барои пайваста идома додани ислоҳоту навсозӣ дар соҳаҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва ғайра вазифаҳои зеринро афзалиятнок меҳисобад:
— таъмини иштироки ҳизб дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ бо риояи тамоюлҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
— эътироф намудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон, арзишҳои волотарини давлат ва ҷомеа, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳаёти фаровони ҳар як шахс дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун;
— шарти муҳими рушди устувор будани пешгирӣ аз табақабандии шадид дар ҷомеаро таъкид намуда, ба қатори кишварҳои пешрафтаи дорои сатҳи баланди зиндагии аҳолӣ дохил шудан;
— дар асоси тамоюли конститутсионии манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, ки тимсоли ҳокимияти халқ аст, боз ҳам баланд бардоштани нақш ва аҳамияти донишкадаҳои демократии намояндагӣ;
— таъмини рушди босуботи иқтисоди кишвар, рушди неруи инноватсионию зеҳнии ҷомеа ва сармояи инсонӣ;
— таъмини сулҳу амнияти кишвар, таҳкими ваҳдати шаҳрвандӣ, таҳаммулпазирии байни миллатҳо ва динҳо, пешбурди сиёсати хориҷии мутақобилан судманд ва конструктивӣ.
Партия дар асоси эҳтиёҷот ва орзую умеди халқамон масъулиятро дар назди наслҳои ояндаи мамлакатамон ҳис намуда, барои панҷсолаи оянда мақсаду вазифаҳои зеринро ба миён мегузорад.
I. БАРПО КАРДАНИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚӢ — МАҚСАДИ ОЛИИ МО
Ҳадафи асосии мо бунёди давлати ҳуқуқбунёд аст, ки дар он Конститутсия ва волоияти қонун таъмин ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз карда мешаванд.
Нишонаи муҳими волоияти қонун дар он аст, ки тамоми шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳаёти худро тибқи қонун пеш мебаранд. Барои ин мо пеш аз ҳама бояд дар ҷомеа волоияти қонун ва Конститутсияро таъмин кунем.
Мо бо ташкили низоми одилона ва мустақили судӣ барои мустаҳкамсозии эътимоди шаҳрвандон ба адолати судӣ тадбирҳо меандешем ва дар ин самт вазифаҳои зеринро иҷро хоҳем кард:
— ташкили судҳои шаҳрвандӣ дар ҳар як ноҳия ва шаҳрҳо бо мақсади фароҳам овардани сабукӣ барои шаҳрвандон ва баланд бардоштани сифату самаранокии фаъолияти судҳо;
— бо мақсади пешгирии саргардонии зиёдатии шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани тартиби то ба суд ҳал намудани низоъҳо ҳангоми муроҷиати онҳо ба суди маъмурӣ оид ба қарор ва рафтор ё беамалии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин муқаррар намудани тартиби шунавонидани пешакӣ дар коргузории суди маъмурӣ;
— барои афзудани боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ мустақил шудани судяҳо меъёри муҳим буда, бо мақсади дар сатҳи баланд кафолат додани ҳуқуқҳои судяҳо ва мақбулсозии ҳаҷми кори онҳо таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мақоми судяҳо»;
— бо мақсади зудтар ва босифат таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар судҳо, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба адолати судӣ, мутаносибан васеъ намудани миқдори судяҳо ба шумораи аҳолӣ, инчунин боз ҳам васеъ гардондани мутахассисии судяҳо, аз ҷумла, доир ба низоъҳои вобаста ба меҳнат, андоз, молия, моликияти зеҳнӣ, ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон таъсис додани корпуси судяҳои тахассусӣ.
Барои ҲСД «Адолат» арзиши олӣ — инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯст! Мо ҷонибдори татбиқи чорабиниҳои зерин оид ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳастем:
— муайян намудани андозаи ҷарима ва дигар чораҳои ҳуқуқӣ дар асоси таносуби даромади шаҳрвандон;
— шахсоне, ки дар вақти тафтиш ва бозпурсӣ ҳозир намуда, боздошт шудаанд, инчунин дар ҳолати вафот намудани гумонбар ё айбдоршаванда дар бинои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рӯи ҳар як ҳолат барқарор намудани назорати депутатӣ ва ҷамоатӣ, барои чунин намуди ҷиноятҳо дар ҳуҷҷатҳои қонун пурзӯр намудани чораҳои ҷавобгарӣ;
— аз мақомоти корҳои дохилӣ ба сохтори Вазорати адлия гузаронидани тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазо;
— аз сабаби нисбат ба ноболиғе, ки ҷиноят содир кардааст, пеш аз ҳама ҳамчун кӯдаки ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёздошта муносибат кардан зарур мебошад, таҳия намудани стратегия доир ба боз ҳам такмил додани дастрасии бачагон ба адолати судӣ.
Пешниҳод ба миён гузоштем, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ босамар ташкил карда шавад, бахусус маданияти ҳуқуқии кормандони корҳои дохилӣ, масъулияти риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ба таври куллӣ баланд бардошта шавад, тамоми нозирони профилактикӣ дар маҳаллаҳо маълумоти олии юридикӣ дошта бошанд.
Бо мақсади таъмини осудагӣ ва оромии шаҳрвандон, инчунин баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ пешниҳод мекунем, ки қонун «Дар бораи бехавфии ҷамоатӣ» қабул карда шавад.
Пешниҳод мекунем қонун «Дар бораи компенсатсияи давлатӣ» қабул карда шавад, ки товони зиёни аз қарорҳои ғайриқонунӣ, амал ё беамалии мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдор расонидашударо дар назар дошта бошад.
Таклиф мекунем, ки барои ҷорӣ намудани амалиёти аз ҳисоби маблағҳои махсус руёнда шудани товони зарари моддии аз ҷиноят ба ҷабрдида расида, Хазинаи ёрӣ ба ҷабрдидагон аз чиноят ташкил карда шавад.
Мо бо мақсади таъмини волоияти қонун дар соҳаи бехавфии ҳаракат ба амал баровардани тадбирҳои зеринро ба мақсад мувофиқ мешуморем:
— дар қонунгузорӣ ҷазо додан барои аз ҷониби ронандагон мунтазам вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, аз ҷумла дар ҳолатҳои ҳангоми мастӣ рондани мошин ё боиси оқибатҳои вазнин умрбод маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт пурзӯр карда шавад;
— мутаносибан зиёд кардани маблағи суғуртаи масъулияти соҳиби воситаи нақлиёт, ки қоидаҳои бехавфии ҳаракати роҳро тез-тез вайрон мекунад;
— ба ҳуҷҷатҳои қонуни амалкунанда ворид намудани меъёрҳое, ки ба таъмини бечунучарои устувории ҳуқуқҳои пиёдагардон дар гузаргоҳҳои танзимнашавандаи пиёдагардӣ нигаронида шудаанд.
Маълум аст, ки ҷой ва нақши донишкадаи адвокатура дар ҳифзи дурусти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон беҳамто аст. Аз ин рӯ, мо минбаъд низ ба баррасии ҳуқуқҳои ба адвокатҳо додашуда дар таъмини адолати судӣ, додани ваколатҳои иловагӣ барои иҷрои самараноки вазифаҳои касбиашон равона хоҳем шуд.
Мо чунин мешуморем, ки бо роҳи такмили минбаъдаи донишкадаи адвокатура механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро мустаҳкам кардан зарур аст.
Инчунин, бо мақсади афзудани саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ, ба таври сохторӣ ва васеъ ташкил намудани чорабиниҳои тарғиботи ҳуқуқӣ пешниҳод мекунем, ки дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, марказҳои ноҳия (шаҳр)-ҳо монументи рамзии Конститутсия барпо карда шавад.
«Хиёбони Конститутсия», ки дар асоси маълумоти вобаста ба рамзҳои давлатӣ, Палатаҳои Олий Маҷлис, ҳокимияти судӣ, Девони Вазирон ва дигар мақомоти давлатӣ, ҳуқуқ ва маҷбуриятҳои шаҳрвандон, инчунин, дигар воситаҳои намоишӣ ба вуҷуд оварда шудааст, барои афзудани шуури ҳуқуқии аҳолӣ, баландбардории маданияти ҳуқуқӣ аҳамияти муҳим касб мекунад.
II. ҶАМЪИЯТИ ОДИЛОНАИ ШАҲРВАНДӢ ВА ИНКИШОФИ ДОНИШКАДАҲОИ ДЕМОКРАТӢ
Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон бунёди ҷомеаи пурқувват, озод ва одилонаи шаҳрвандӣ, татбиқи собитқадамонаи тамоюлҳои ҳокимияти халқӣ, рушди парламентаризм ва дастгирии донишкадаҳои муосири демократияи парламентиро шарти муҳими таҷдиди демократии сохтори демократии кишвар мешуморад.
Мо тарафдори онем, ки ваколатҳои Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллии намояндагони халқ васеъ карда шаванд. Мо барои рушди парламентаризм ва демократияи парламентӣ амалӣ намудани тадбирҳои зеринро муҳим мешуморем:
— боз ҳам қувват додани механизмҳое, ки ба таъмини ошкороии фаъолияти парламент нигаронида шудаанд, хусусан, такмил додани сохтори «Парламенти рақамӣ», ки барои васеъгардонии имкониятҳои пайвастсозии зудамал бо шаҳрвандон хизмат мекунад;
— бо мақсади ба роҳ мондани алоқаи бевоситаи байни намояндагон бо интихобкунандагон ва дар ҷояш ҳал намудани муаммоҳо тартибе ҷорӣ карда шавад, ки дар он нисфи вақти кори намояндагон дар назди интихобкунандагон гузарад;
— бо мақсади пурзӯр намудани ваколати намояндагон дар ҳудудҳо ва такмил додани механизми нигаҳдории байниҳамдигарии онҳо дар муносибатҳои ҳуқуқӣ бо ҳокимон, ба намояндагони шӯроҳои маҳаллӣ ҳуқуқ дода шавад, ки нисбат ба ҳокимони дахлдор вотуми нобоварӣ баён карда тавонанд.
Қонунҳо бояд дар амал пурра кор кунанд. Дар ин бобат нақши сохтори ҳокимияти иҷроия калон аст.
Бо мақсади баланд бардоштани мавқеи занон дар сохтори ҳокимияти иҷроия пешниҳод менамоем қоидае ҷорӣ карда шавад, ки камаш 30 дарсади вазифаҳои роҳбарикунандаро занон ташкил диҳанд.
Мо барои кор карда баромадани консепсияи десентрализатсия, ба сохтори ба аҳолӣ наздиктар додани ваколатҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ чораҳо мебинем.
Мо бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани кафолатҳои фаъолияти донишкадаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастгирии онҳо аз ҷониби давлат, рушди ҳамкории мутақобилан судманди давлат ва донишкадаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифаҳои зеринро амалӣ менамоем:
— қабули қонуне, ки масъулияти шахсони масъули мақомоти давлатиро барои вайрон кардани тартиби назорати ҷамъиятии аз ҷониби донишкадаҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ татбиқшуда муайян менамояд;
— бо мақсади дастгирии лоиҳаҳои донишкадаҳои ҷамъияти шаҳвандӣ оид ба баланд бардоштани маданияту дониши ҳуқуқии аҳолӣ, барои онҳо ҷудо намудани фармоишҳои иҷтимоӣ ва субсидияҳо васеъ карда шаванд.
Мо тарафдори онем, ки ваколатҳои донишкадаи маҳалла, ки сохтори беназири иҷтимоист, боз ҳам такмил ёфта, барои ба маркази ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ табдил додани он васеъ карда шавад.
Мақсади мо дастгирии ҳамаҷониба барои боз ҳам такмилёбии минбаъдаи донишкадаи маҳалла аст, ки арзиши беназири мардуми мо ба ҳисоб меравад.
Ба сӯи имкониятҳои баробар вА ҷамъияти одилона!
