Чаро ҳар сол Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди вируси норасоии масуният (иммунитет)-и одам (ВНМО) васеъ қайд ва чорабиниҳои ташвиқотӣ пурзӯр гардонида мешавад? Зеро, ин беморӣ ба яке аз муаммоҳои бисёр муҳими соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. ВНМО дар ҷаҳон ҳамчун объекти зараррасон боқӣ монда, то имрӯз 40,4 миллион нафар, дар натиҷаи сироят ёфтан бо он, аз ҳаёт маҳрум гардидаанд. Танҳо дар соли 2021 бо сабабҳои ба ВНМО алоқаманд, 650 000 шахс фавтида, дар 1,5 миллион нафар ҳолати нави бақайдгирии бемории мазкур мушоҳида шудааст. Бино ба ҳолати охирҳои соли 2022 дар ҷаҳон 38,4 миллион шахсони гирифтори ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки 2/3 ҳиссаи он (25,6 млн.) дар минтақаи Африқо қарор доранд.
Вируси норасоии масунияти одам — вирусест, ки ба организм дохил шуда, системаи худмуҳофизатии онро нобуд месозад. Дар натиҷа, системаи масуният хароб гардида, организми инсон хеле суст мешавад ва қобилияти муқовимат ба ҳама гуна бемориҳоро гум мекунад.
Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) — марҳилаи охирини ВНМО мебошад. Он замоне инкишоф меёбад, ки организм қобилияти муқовимат ба бемориҳоро аз даст дода, осебпазир мегардад ва дар натиҷа, инсон ба бемориҳои вазнин тоб наоварда, ба ҳалокат мерасад.
Мӯҳлати давомнокии умри шахси сироятёфтаи БПНМ номаълум аст. Давомнокии он солҳои гуногунро ташкил медиҳад.
Барои БПНМ инкишофи баъзе намудҳои бемории саратон, сироятҳо ва ё дигар аломатҳои вазнини клиникӣ хос аст.
Бемории мазкур солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҳамчун бемории гурӯҳҳои алоҳидаи одамон пайдо гардида, минбаъд ба як буҳрони байналмилалӣ табдил ёфт, ки ба инкишофи ҷомеаи солим бетаъсир намонд. ВНМО/БПНМ ҳамчун бемории таҳдидкунанда ба ҳаёт ва саломатӣ, ба инсон зарар расонида, ба ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонии шахс такони ҷиддӣ медиҳад. Аввалин маротиба бемории мазкур соли 1981 дар ИМА ба қайд гирифта шуда, вируси бавуҷудоварандаи он соли 1983 дар Институти Пастер дар Фаронса ва таҳти роҳбарии Люк Монтане ва Институти миллии бемории саратон дар ИМА таҳти роҳбарии Роберт Галло кашф гардидааст. Дар мӯҳлати кӯтоҳ шумораи гирифторони бемории мазкур зиёд шуданд, ки то замони муосир ин беморӣ ҳамчун яке аз мушкилоти глобалӣ боқӣ мондааст.
Роҳҳои сироятёбии ВНМО:
— ҳангоми алоқа бо хун (сӯзан, сӯзандоруҳо, хунгузаронӣ, холмонӣ (татуировка);
— ҳангоми алоқаи ҷинсии беҳимоя (тавассути нутфа);
— аз модари сироятёфта ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ).
Роҳҳои аз ҳама паҳншудаи сирояти ВНМО дар ҷаҳон — алоқаи ҷинсии беҳимоя ва истеъмоли маводи нашъадор тавассути сӯзандоруи стериализатсиянашуда мебошад.
ВНМО танҳо аз одам ба одам мегузарад ва он дар муҳити беруна (масалан, мавҷуд будани вирус дар дохили маҳсулоти хӯрокворӣ, мева ва ғайра) тобовар набуда, баъди якчанд вақт мемирад.
Барои пешгирӣ намудан ва коҳиш додани раванди мазкур 2‑юми июни соли 2006 Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ВНМО/БПНМ Декларатсияи сиёсӣ қабул намуд, ки дар он вазифа ва ӯҳдадориҳои аъзо, ҳамчунин, ҳуқуқҳои гирифторони ин беморӣ дарҷ гардидаанд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, айни замон 80 дарсади гирифторони ВНМО-ро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки синну соли онҳо аз 20 то 39‑сола аст. Бештари гирифторони ВНМО тавассути алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд.
Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20‑уми январи соли 2023 «Дар бораи боз ҳам пурзӯр гардонидани системаи мубориза бар зидди касалии бавуҷудоварандаи вируси норасоии иммунитети инсон» дар ин соҳа такони наве бахшид.
Ҳар сол ҳазорҳо нафар ба ин беморӣ мубтало мешаванд ва қисми зиёди онҳоро нафароне ташкил медиҳанд, ки бо роҳи фиреб ва ё ноогоҳӣ гирифтори ВНМО гардидаанд. Дар муносибатҳои оилавӣ, асосан гирифторони ин бемориро онҳое ташкил медиҳанд, ки ВНМО-ро аз шавҳар ва ё аз тариқи модар ба кӯдак соҳиб гаштаанд. Чунин ҳолатҳо кам нестанд ва аксарият бо сабабҳои гуногун гирифтори бемории ВНМО буданашонро пинҳон менамоянд.
Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда дар самти мазкур баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Норасоии равоншиносон, сироятшиносон, вирусологҳо, иммунологҳо, реаниматологҳо ва эпидемиологҳо ба фаъолияти самараноки муассисаҳои табобатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи дониши аҳолӣ вобаста ба бемории мазкур ва роҳҳои пешгирии он нокифоя аст.
Оид ба гуфтаҳои боло пешниҳод менамоем, ки сатҳи салоҳияти мутахассисони соҳаи мазкур зиёд карда шуда, ба аҳолӣ аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустӣ доир ба муроҷиат намудан ба мақомотҳои дахлдор гуфтушунидҳо гузаронида шавад. Махсусан, нисбати шахси дар муносибати оилавӣ қарордошта, ки ба бемории ВНМО сироят ёфтааст, маълумоти лозима нисбати зану шавҳар дар якҷоягӣ аз ҷониби маркази дахлдор дода шуда, огоҳонида шаванд.
Хулоса, сироят намудан бо ВНМО дар оила, ҳамчун як шакли зӯроварӣ дар оила, муносибати ҷамъиятие мебошад, ки шахси сироятёфта бо пинҳоннамоии бемории худ аъзои дигари оилаи худро ба ин беморӣ гирифтор намуда, ҳуқуқ ва саломатии ӯро поймол мекунад ва ба шахси сироятёфта, аввалан, зарари рӯҳӣ ва ҷисмонӣ расонида, сипас, баъди ба БПНМ гирифтор шудан, метавонад сабаби аз ҳаёт маҳрум шудани ӯ гардад.
Вазифаи асосии кормандони соҳаи тиб аз он иборат аст, ки ба ҳар як хонаводаи вилоят хизмати баландихтисоси тиббӣ расонида, сатҳи ин гуна бемориҳоро коҳиш диҳанд, дониши тиббии мардумро баланд бардоранд ва ба пешгириву табобати барвақтии бемориҳо машғул шаванд.
Табобати бомуваффақияти ин беморӣ боиси кам шудани миқдори вирус дар хун мегардад, ки дар натиҷа, вазъи бемор беҳтар шуда, интиқоли сироят ба дигарон кам мешавад.
Дар давоми даҳ моҳи гузаштаи соли 2024 шахсони гирифтори сирояти вируси норасоии масунияти одам нисбат ба солҳои гузашта ба таври назаррас кам шудааст. Аммо, 55,04 дарсади шахсони гирифтори ин бемориро, ки ба қайд гирифта шудааст, мардон ва 44,96 дарсадашро занон ташкил медиҳанд.
Имрӯзҳо барои табобати беморон доруҳои зиддиретровирусии 3‑компонентии дорои фаъолнокии баланд истифода мешаванд.
Танҳо худи шахс метавонад саломатии худро муҳофизат намояд!
Баён ТЕМУРОВ,
сармутахассис, духтури эпидемиологи
Маркази мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО).
