Ovozi.uz

Факти илмӣ: Хислате маълум шуд, ки ба дараҷаи бахт таъсир мекунад

Олимон дар доираи омӯхтани сабабҳои рӯҳафтодагии равонӣ ва хушбахтӣ хулосаи ногаҳонӣ бароварданд.

Маълум шуд, ки дар одамони хушбахт аломатҳои рӯҳафтодагии равонӣ камтар вомехӯранд ва аксари шахсони хушмуомила худро хушбахт мегӯянд.

Маҷаллаи «Psychological Reports”» хабар медиҳад, ки равоншиносони турк муайян намудаанд, ки кадом омилҳо ба дараҷаи хушбахтии инсон таъсир мекунанд.

Муомилаи хуш ва бахт
Ба фикри мутахассисон, одамони хушмуомила худро аз дигарон хушбахттар медонистаанд. Онҳо дар асл ҳам (сохтакорона не) нисбати дигарон дар муносибатҳои дӯстона мешаванд, аз онҳо норасоӣ намеёбанд, раҳму шафқат нишон медиҳанд ва ба ҳамкории ҳаматарафа тайёр меистанд.
Олимон барои муайян намудани ин гурӯҳи аз 372 нафар ихтиёриён иборати синни миёнаашон 23 соларо ҷалб кардаанд. Тадқиқотчиён аз рӯи натиҷаҳои пурсиш ба хулоса омаданд, ки инсон ҳар қадар хушмуомила бошад, нишонаи рӯҳафтодагии равонии ӯ ҳамин қадар заиф мешудааст. Ғайр аз ин дар онҳо нишонаҳои бемориҳои гуногун нисбати дигарон камтар вомехӯрдааст.

Олимон ният доштаанд, ки аз ин хулосаҳо дар тадқиқотҳои рӯҳии оянда истифода баранд. Вале онҳо дар айни ҳол роҷеъ ба муносибатҳои сабабу оқибати байни хушбахтӣ, муомилаи нек ва рӯҳафтодагӣ ҳарф назадаанд.