Ин растании баҳорӣ аст, ки онро дар ҳамин шабу рӯз истеъмол мекунанд. Хислатҳои шифобахши он дарунро мулоим мекунад. Барои тафси меъда, ташнагӣ, табҳои гарм, бемориҳои узвҳои даруни сина, дарди шуш, сил ва дарди миён, ки аз бисёрии хун бошад, даво мешавад.
Оби гиёҳи тари онро бо шакар ширин карда бинӯшанд, дарди гулӯ ва забончаи ҳалқун, зардпарвин, душвор шошидан, инчунин сӯзиши пешоб, яъне сӯзонро шифо мебахшад. Санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Тухмашро бихӯранд барои дарди дил, дарди узвҳои даруни сина ва шикам, табҳои гарм ва сил давои хубест.
Вале ин гиёҳро аз ҳад зиёд бихӯранд, ба одамони хунукмиҷоз зарар дорад, дарди сар меоварад. Меъёрро бояд нигоҳ дошт.
Агар испаноғро нопухта гузошта банданд, варамҳои гарми хунӣ ва газидани занбӯрро даво мешавад, пучак ва чиртакро мекафонад.
Испаноғ истеъмол намоеду худро аз бемориҳо халос кунед.
