Сарқонуни дар амал будаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 30‑юми апрели соли 2023 бо роҳи референдум қабул шудааст. Бори аввал Сарқонуни ҷумҳурӣ 8‑уми декабри соли 1992 қабул гардида, худи ҳамон рӯз ба амал даромада буд. Таҳрири аввалини Сарқонун 15‑уми декабри соли 1992 дар шумораи 247 (438)-уми рӯзномаи «Халқ сӯзи» чоп шудааст.
Ватани мо пас аз қабули Сарқонун дар ҳамаи соҳаҳо бо муваффақият пеш меравад. Аз ҷумла, дар соҳаи таълим. Чунки, дар Сарқонуни мо ба масъалаи таълим эътибори алоҳида нигаронда шудааст. Зеро, дар замони бошиддати имрӯза танҳо миллати соҳибдониш ва бомаърифат давлати худро сӯи тараққиёти муносиб пеш бурда метавонад. Бинобар ин, дар Сарқонуни мо дар ҳамаи зинаҳои тараққиёти устувори соҳаи таълим ва тарбия муайян карда шудааст. Инчунин, дар он эҳтироми баланд ба устодон ифодаи худро ёфтааст. Ғайр аз инҳо, дар Сарқонун рушди институти оила, ба авлодҳои оянда безавол расондани арзишҳои неки инсонӣ, боз ҳам мустаҳкам намудани робита ва ҳамзистии байни миллатҳо низ пешбинӣ гардидааст.
Дар Сарқонуни мо роҷеъ ба таълиму тарбияи авлоди наврас ва ҳифзи қадру қимат ва шаъни омӯзгорон, инчунин, як қатор асосҳои муҳим ифодаи худро ёфтаанд.
Тағйиротҳое, ки дар моддаҳои 50–52‑и лоиҳаи нави Сарқонун роҷеъ ба соҳаи мактаб ва таълими томактабӣ дохил карда буданд ва ҳоло онҳо амал мекунанд, хеле муҳим мебошанд.
Мисол, дар онҳо аз тарафи давлат фароҳам овардани шарту шароит барои рушди таълиму тарбияи томактабӣ, таъмини бачаҳои ба таълими алоҳида эҳтиёҷ дошта бо тарбияву таълими инклюзивӣ акси худро ёфтаанд. Баробари ҳамин, боз як масъалаи муҳим ҳамин, ки дар он мақсади давлат ва вазифаи бомасъулияти он барои аз ҳар ҷиҳат мустаҳкам намудани мақоми ходимони педагогӣ қайд карда шудааст.
Мо, омӯзгоронро меъёрҳои роҳ надодан ба дахолат ба фаъолияти касбии ходимони педагогӣ, инчунин, ба монеъ шудан дар иҷрои вазифаи хизматии онҳо хеле мамнун кард.
Дар Сарқонунамон ҳуқуқи дар муассисаҳои таълими олӣ аз ҳисоби давлат бар асоси грант таълим гирифтани ҷавонон низ муайян гардидааст. Яъне, бо ин кафолати имконияти аз ҳисоби давлат таълим гирифтани ҷавонони соҳибқобилият фароҳам оварда шудааст.
Агар мухтасар гӯем, Сарқонун моро барои ғамхорӣ намудан ба ҳуқуқҳо ва озодии инсон, арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, принсипҳои истиқлолияти давлатӣ, шаън ва қадру қимати инсон, фаровонӣ ва манфиатҳои он, барпо кардани давлати инсонпарвар, демократӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ, инчунин, мустаҳкам намудани он, дарки масъулияти бузург дар назди авлоди ҳозира ва оянда, ватанпарвари ҳақиқӣ ва хеле доно ба воя расондани насли наврас, дар байни аҳли дунё озод ва фаровон зиндагӣ кардан руҳан дастгирӣ мекунад, илҳом мебахшад ва роҳамонро абадан равшан мекунад.
Ирода ОРИФҶОНОВА,
омӯзгори Донишкадаи омӯзгории
Ӯзбекистон-Финляндия.
