Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст
1. Шибитро бихӯранд, ахлоти ғализро бо воситаи қай аз меъда хориҷ мекунад.
2. Барги тоза ё хушк ва ё тухми шибитро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, дарди пуштро шифо мебахшад.
3. Барги тоза ё хушк ва ё тухми шибитро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, дарди гурда ва хичакро (пешобдон) шифо мебахшад.
4. Ҳафт дирам шибити хушкро дар об ҷӯшонида, он обро биёшоманд, пешобро равон мекунад.
5. Ҳафт дирам шибити хушкро дар об ҷӯшонида, он обро биёшоманд ва бар он мудовамат намоянд, ҳайзи бастаро равон мекунад.
6. Ҳар рӯз ҳафт дирам шибити хушкро (аз тараш чаҳордаҳ дирам) дар об ҷӯш дода он обро биёшоманд, ҷигари заифро ба ислоҳ меоварад.
7. Барги шибитро дар об ҷӯш дода, дар он об нишинанд ва ба хӯрдани тухми он мудовамат намоянд, бодҳои гурдаро таҳлил медиҳад.
8. Барги шибитро дар об ҷӯш дода, дар он об нишинанд ва тухмашро низ бихӯранд, бодҳои хичакро таҳлил медиҳад.
9. Ҳар рӯз ҳафт дирам шибити хушкро дар об ҷӯшонида, он обро биёшоманд ё ҳамон миқдор тарашро бихӯранд, мағсро таскин медиҳад.
10. Чаҳордаҳ дирам барги тоза ё ду дирам тухми шибитро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, мағсро таскин медиҳад.
11. Баргҳои шибитро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, бодҳои тамоми баданро, дарунро таҳлил медиҳад.
12. Ҳар рӯз ҳафт дирам шибити хушкро (аз тараш чаҳордаҳ дирам) дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, меъдаи заифро ба ислоҳ меоварад.
13. Ҳар рӯз ҳафт дирам шибити хушкро (аз тараш чаҳордаҳ дирам) дар об ҷӯш дода, он обро биёшоманд, бемориҳои балғамии меъдаро дафъ мекунад.
14. Ҳар рӯз ҳафт дирам шибити хушкро (аз тараш 14 дирам) дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, дамкӯтаҳиро дафъ мекунад.
15. Барги шибитро дар об ҷӯшонида, занҳо дар он то ноф даромада нишинанд ва тухми онро бардавом бихӯранд, бемориҳои бачадонро дафъ мекунад.
