Чӣ тавре, ки Агентии иттилоотии Podrobno.uz. хабар медиҳад, барномаи ривоҷдиҳии соҳаи ирригатсия ва идораи захираҳои об дар Ӯзбекистон барои солҳои 2025-2028 тасдиқ карда шуд. Дар ҳуҷҷат реконструксияи васеъмиқёси хатҳои ирригатсионӣ, кам кардани заминҳои таъминоти обашон нокифоя ва дар истгоҳҳои насосии обкашӣ ҷори намудани манбаъҳои муқобили энергия дар назар дошта шудааст.
Мувофиқи қарори Президенти Ӯзбекистон аз 15-уми августи соли 2025, дар се соли оянда азнавсозии 2,5 ҳазор километр шабакаҳои ирригатсионӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои ин ҳамасола аз буҷети давлат на камтар аз 1,3 триллион сӯм ва 300 миллион доллари созмонҳои молии байналмилалӣ сарф карда мешавад.Дар қарор ба кам кардани вобастагии деҳқонон аз норасоии об таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардидааст. Майдони заминҳои камобу обёриашон душвор аз 424 ҳазор гектар ба 276 ҳазор гектар расонида мешаванд.Инчунин, то охири соли 2025 дар 15 истгоҳи насосӣ насб кардани панелҳои офтобӣ ва таҷҳизоти каммасраф ба нақша гирифта шудааст.
