Рӯзи 25‑уми август Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Самарқанд омад.
Мувофиқи анъанаи нек, нахуст мақбари муҳаддиси бузург Имом Бухорӣ зиёрат карда шуд. Дар ин ҷо сураҳои Қуръони муқаддас қироат гардида, дуо хонданд.
Сарвари давлат дар ҳудуди қадамҷои муборак бо ҷараёни бинокорӣ шинос шуд.
Имом Бухорӣ олими барчастаест, ки номи ӯ дар олами ислом эҳтироми бузург дорад. Ҳазорон зиёратчиён кӯшиш мекунанд оромгоҳи ӯро зиёрат кунанд. Барои он ки дар ин ҷо шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад, маҷмӯаи меъморӣ-динии бузург месозанд.
Масоҳати маҷмӯаи то 44 гектар васеъ карда шуд. Сохтмони мақбарии боҳашамат, масҷид ки барои даҳ ҳазор одам пешбинӣ шудааст ва бинои маъмурӣ ба анҷом расид. Чор минораи 75-метрӣ ба маҷмӯа салобат ва қувваи рӯҳӣ медиҳанд.
Ҳоло корҳои пардоз ва ороишӣ иҷро карда мешаванд. Дар айвони дари даромад ва деворҳои он аз ҳадисҳои маҷмӯаи маъруфи «Саҳеҳ-ал-Бухорӣ» менависанд.
Президент қайд кард, ки маҷмӯи оянда на танҳо ҷои зиёрат, инчунин маркази маърифат, дониш ва тарбия бояд шавад. Асарҳо ва мероси Имом Бухорӣ барои ҳар як зиёраткунанда, бахусус насли наврас мисоли илҳомбахш шуда хидмат мекунад.
Дар доираи лоиҳа осорхонаи инноватсионӣ ташкил карда мешавад, ки дар бораи роҳи ҳаёт ва фаъолияти илмии Имом Бухорӣ (дар олами ислом «султони ҳадис» эътироф шудааст) ҳикоя мекунад. Экспозитсияҳои осорхона, инчунин дар бораи 25 пайғамбари дар Қуръон ёдрасшуда, сулолаи Муҳаммад пайғамбар (с.а.в), ҳаёти ӯ дар Макка ва Мадина, инчунин ҷараёни ҷамъоварӣ ва навиштани ҳадисҳо ҳикоят нақл мекунанд. Сохтмони меҳмонхона ва биноҳои хидматӣ ба анҷом мерасанд, ки зиёратчиёнро хушнуд мегардонад.
Президент супоришҳо дод, ки сифати баланди корҳои сохтмонро таъмин намуда, барои зиёраткунандагон инфрасохторро васеъ ва шумораи дарахтони сабзро дар атрофи маҷмӯа зиёд кунанд.
