Дастрасӣ ба иттилооти илмӣ дар низоми таълими олӣ рӯз то рӯз омили муҳим мегардад. Маданияти тадқиқотии донишҷӯён, фаъолияти илмии омӯзгорон ва иқтидори умумии академии донишгоҳҳо асосан аз фаъолияти китобхонаҳо, бахусус аз сатҳи истифодаи захираҳои рақамӣ вобаста аст.
Аз ин нуқтаи назар, шомил шудани китобхонаи Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд (SIUT) ба рӯйхати 10 китобхонаи беҳтарин, ки дар соли 2025 аз истифодабарандагони самараноктарини пойгоҳ (база)-и маълумотҳои илмии EBSCO мебошанд, нишонаи таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба кор бо иттилооти илмӣ дар донишгоҳ мебошад.
27-28-уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи Сарбони Тошканд ду чорабинии муҳими марбут ба соҳаи таълими олӣ баргузор шуданд:
— Конфронси байналмилалии солонаи ҷамоаи коршиносони миллии Erasmus+ HEREs,
— Форуми IX солонаи илмӣ-таълимӣ «Истифодаи иттилооти илмӣ ва фаолии нашр».
Дар форумҳо масъалаҳои таълими рақамӣ, мутобиқшавӣ ба раванди Болония, рейтингҳои илмӣ ва модернизатсияи фаъолияти китобхонаҳо баррасӣ шуданд. Дар он ректорҳо, коршиносони байналмилалӣ, роҳбарони китобхонаҳо ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд. Ҳайати вакилони китобхонаи SIUT низ дар мубодилаи таҷриба ва омӯзиши равишҳои навтарини ин бахши мазкур дар чорабинӣ фаъолона ширкат варзид.
Дар охири конфронс натиҷаҳои озмуни «Истифодаи самараноки захираҳои электронии EBSCO дар китобхонаи замонавӣ» эълон карда шуд. Арзёбӣ танҳо дар асоси омори кушода — нишондиҳандаҳои истифодаи платформаи EBSCO дар моҳҳои апрел-июли соли 2025 анҷом дода шуд.
125 муассисаи таълими олӣ дар озмун иштирок карданд. Тибқи натиҷаҳо, китобхонаи SIUT дар байни даҳ китобхона бо фаъолияти баландтарин қарор гирифт.
Ин натиҷа нишон медиҳад, ки донишҷӯён ва омӯзгорон мунтазам аз захираҳои илмии байналмилалӣ истифода мебаранд ва донишгоҳ экосистемаи зарурии рақамиро барои тадқиқоти илмӣ ташкил намудааст.
— Китобхона танҳо ҷамъи китобҳо не, балки маркази ахбори муосир аст, ки ба шумо имкон медиҳад маълумоти заруриро барои тадқиқоти илмӣ ҷустуҷӯ, пайдо ва коркард кунед. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки муносибати мо ба маълумоти илмӣ дар роҳи дуруст аст, — гуфт Равшан Амиров, директори китобхонаи SIUT.
Ду соли охир, китобхонаи SIUT ба натиҷаҳои эътирофшудаи миллӣ ва байналмилалӣ ноил гардид:
— моҳи октябри соли 2024 — ҷои 2-юм дар рейтинги китобхонаҳои муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон.
— моҳи августи соли 2025 — 10 китобхонаи беҳтарин аз рӯи истифодаи EBSCO дар конгресси байналмилалии IFLA WLIC 2025 дар Остона.
Ин натиҷаҳо тасдиқ мекунанд, ки дар китобхона фарҳанги истифодаи захираҳо ташаккул меёбад, шавқи донишҷӯён ба тадқиқоти илмӣ меафзояд ва имконоти кор бо базаҳои маълумотҳои рақамӣ мунтазам васеъ мешаванд.
