Ovozi.uz

Вохӯрӣ бо сармоягузори Туркия

Дар ҳокимияти вилоят мулоқоти роҳбари вилоят Адиз Бобоев ва сармоягузори турк Алӣ Баклан баргузор гардид. Дар вохӯрӣ сармоягузор роҷеъ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар минтақа маълумот дод.

Аз ҷумла, Алӣ Баклан дар шаҳраки Ғубдини ноҳияи Булунғур ба татбиқи лоиҳаи истеҳсоли кетчуп ва соус шурӯъ мекунад. Дар ҳоли ҳозир воридот ва насби таҷҳизот аз Ҷумҳурии Туркия ба анҷом расидааст. Дар моҳи июли соли ҷорӣ ба кор андохтани корхона ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур дар як сол то 1000 тонна маҳсулоти сабзавот коркард шуда, ба маблағи 500,0 ҳазор доллари ИМА маҳсулот экспорт мешавад ва 30 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.

Дар мулоқот Алӣ Баклан аз роҳбари вилоят барои дарёфти иҷоза барои пайвастшавӣ ба шабакаи газ кумак пурсид. Адиз Бобоев дар роҳи ҳалли ин масъала ба масъулон супоришҳои дахлдор дод.

Ҳоло дар ноҳияи Булунғур корҳои амалии тайёрӣ барои ба кор андохтани истеҳсолот давом дорад.

Хидмати ахбори ҳокимияти вилоят