Ovozi.uz

Китоби бачаҳо чӣ гуна бояд бошад?

Китоби бачаҳо чӣ гуна бояд бошад? Барои бачаҳо эҷод кардан кори осон аст? Умуман вазъи имрӯзаи адабиёти бачагона чӣ хел аст?
Мо ин саволҳоро ба чанд нафар адибоне додем, ки барои бачаҳо эҷод мекунанд.

Бахтиёри ҶУМЪА,
муаллифи китобҳои бачагонаи «Бойчечак», «Савғо», «Асали бобо», «Маликаи доно», «Гурбаи беақл»:
— Китоб барои бачаҳо ниҳоят зарур аст. Сад афсӯс, ки мо ба он кам эътибор медиҳем. Барои калонсолон зуд-зуд китобҳо чоп мешаванд, аммо китобҳои бачагона хеле кам, гӯё тухми анқо барин. То имрӯз дар адабиёти мо роман ва қисса-­афсонаҳое, ки адибони хориҷӣ менависанд ва хеле машҳуру хонданибобанд, нест. Бинобар ин, кӯшиш мекунам, ки эҷодкоронро ба навиштани қиссаву афсона ва ҳиқоячаву шеърҳои бачагона водор созам. Аз ҷумла, имрӯз дар Самарқанд баробари адибони дигари бачаҳо Маҳбуба Турсунова, Шукрулло Вализодаро ном гирифтан мумкин аст, ки ба навиштани шеъру ҳикоячаҳои кӯдакона шурӯъ кардаанд. Бо вуҷуди он, ҳоло муҳити адабии бачаҳо холӣ аст. Барои бачаҳо эҷод кардан бисёр мушкил аст. Одам масъулияти зиёдро бар дӯш мегирад. Аз ин рӯ, шахси эҷодкор бояд инро дуруст дарк карда, қалам ба даст гирад, зеро ояндаи бачаҳо ба чӣ ва чӣ хел навистани онҳо вобаста мебошад.
Маҳбуба НЕЪМАТЗОДА,
муаллифи китобҳои бачагонаи «Таваллудат муборак», «Модари ҷон, модарам!», «Меҳрубон», «Боғи шамол», «Одоб ҳусни инсон аст» ва «Шакардара»:
— Дар рӯзи адабиёти бачаҳо бояд номи адибони бузург Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирсаид Миршакар, Ҳабиб Юсуфӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Болта Ортиқзода, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Мавҷуда Ҳакимова, Акбар Қодириро бо эҳтиром ба ёд орем. Зеро онҳо бо шеърҳои равону хушоҳанг, ҳикояву повестҳои рангину пурмазмуни худ дар дили мо ҳанӯз дар бачагӣ нисбат ба адабиёт меҳру муҳаббати беандоза пайдо карданд. Ҳоло бошад, адибони бачагон хеле каманд.
Нависандае, ки барои бачаҳо эҷод мекунад пеш аз ҳама мавзӯи ҷолибро бояд интихоб намояд ва кӯтоҳбаён бошад. Зеро табъи бачаҳо нозук аст. Онҳо сухан ва шаф-шафи бисёрро намеписанданд. Шеърҳои бачагона аҳамияти тарбиявӣ ва хулосаи завқовар бояд дошта бошанд. Бачаҳо ҳаҷвро дӯст медоранд. Ин гуна шеърҳоро зуд азёд мекунанд. Инчунин, китоби бачаҳо бояд сифати хуб дошта бошад, ҳарфҳои хурд ва саҳифаҳои бесурат бачаҳоро дилгир мекунад. Агар китоб бо ҳарфҳои калон ва суратҳои ранга чоп шавад, хонанда онро бо шавқи баланд мехонад. Бинобар ин, адибон ҳангоми эҷод ба ин эътибор диҳанд беҳтар аст. Қиссаву ҳикояҳоро на дар мавзӯҳои бофтаю сохта, балки аз ҳаёти худи бачаҳо бояд навишт. Аз ин рӯ, адибони бачаҳо имкон, ки ёфтанд, ба мактабу боғчаҳо рафта, бо бачаҳо сӯҳбат намоянд. Ҳангоми сӯҳбатҳо ба воқеаҳои ҷолиб гувоҳ ва онҳо мавзӯи ояндаи эҷодашон мешаванд. Масалан, мавзӯи ҳикояҳои «Қасди гург» ва «Рӯбоҳи тухмдузд»-ро камина аз бачаҳои деҳаҳои Оқсой ва Торинҷак гирифтаам, ки аз онҳо миннатдорам. Ҳоло барои бачаҳои азиз китоби «Чил чистон»-ро омода месозам. Умед дорам, ки ба хонандагон манзур мешавад.
Дилрабо НАСИМОВА,
муаллифи китоби «Маро ба мактабат бар!»:
— Барои асарҳои бачагона навиштан баччахӯ будан, яъне характери бачагона доштан лозим. Болта Ортиқзода, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Насим Раҷаб, Наримон Бақозода, Маҳбуба Неъматзода, Бахтиёри Ҷумъа, ки чун адиби бачаҳо шинохта шудаанд, дили поку беолоиши кӯдакона доранд. Бо дили нарм, сухани маҳин ва самимона ба дили хурдсолон роҳ ёфта, бо олами кӯдакон, афту дарафту орзуву умедашон нағзтар шинос шуда, чизе навиштан хуб аст. Шумо менависед, аммо бачаҳо ҳам аноӣ не. Агар хушашон наояд намехонанд, қабул намекунанд! Асари бачагона бояд мисли худи онҳо поку содда бошад. Бачаҳоро фиреб додан осон нест. Онҳо дурӯғро зуд дарк мекунанд. Одатан бача ягон амали ношоиста ё худ шӯхие кунад, ҳама ӯро мазаммат мекунанд. Ягон амали нек кунад, то осмони ҳафтум мебардоранд. Ҳар ду ҳолат ҳам хуб нест. Ҳунари нависандаи бачагон ҳамон вақт намоён мешавад, ки бачаи шӯхро бо сухани нағзу мисолҳои ҳаётӣ аз вартаи гумроҳӣ берун оварда, ба сафи инсонҳои нек ҳидоят кунад. Бачаи хубро бо таърифи зиёд саргаранг накарда, ба ҳар ду як хел муносибат намудан низ аз нависанда маҳорати баландро талаб мекунад.
Тӯлқин СИДДИҚОВ,
муаллифи китоби бачагонаи «Элда азиз»:
— Китобҳое, ки барои кӯдакон нашр мешаванд, бояд кӯдакона бошанд. Яъне, калимаҳои содда истифода шуда, тавре навишта шавад, ки ба синну соли кӯдак мувофиқ ва ба ӯ фаҳмо бошад. Нуқтаи аз ҳама асосӣ он аст, ки ҳар чизи барои онҳо офарида, бояд аҳамияти тарбиявӣ дошта бошад. Барои бачаҳо эҷод кардан осон не, лекин он қадар душвор ҳам нест. Агар шахси эҷодкор бачаҳоро дӯст дошта, забони онҳоро фаҳмад, бештар дар олами онҳо гардад, навиштан осон аст. Ба фикрам вазъи имрӯзаи адабиёти бачаҳо он қадар ҳам хуб нест. Бо ин фикр ба дили адибоне, ки дар адабиёти бачаҳо эҷод мекунанд, мумкин озор медиҳам, аммо ҳақиқат аст. Масалан, баъзе асарҳое, ки дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ оварда шудаанд, ҷавобгӯи талаб нестанд. Китобчаҳои дигарро нагӯем ҳам мешавад. Аз ин рӯ, адибони бачаҳо пеш аз чопи китоби ҳикояҳо ё ки маҷмӯаи шеърҳо фикр намоянд, ки он ба олами кӯдакон мувофиқ меояд, ё на, аҳамияти тарбиявии асар то кадом дараҷа аст. Хубтараш, ба худи бачаҳо барои хондан диҳанд. Дар ҳамон вақт, адабиёти бачагона рӯ ба тараққӣ меорад.

Мусоҳиб Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.