Ovozi.uz

Сессия дар рӯҳияи танқидӣ баргузор гардид

Рӯзи 28-уми марти соли равон сессияи наваду ҳафтуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия мудири котибияти Шӯро С.Усмонов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал рӯзнома, тартиби кор ва котиби сессияро тасдиқ карданд.
Сипас, ҳисоботи ҷонишини якуми сарвари Садорати корҳои дохилии вилоят Собирҷон Абдуҳамидов дар бораи корҳое, ки бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10‑уми декабри соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба пурзӯр кардани назорати иҷрои Барномаи ривоҷдиҳии инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва барномаҳои дигари давлат, ки дар сектори сеюми вилоят амалӣ мегарданд, шунида шуд.
Зикр гашт, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди сектори сеюм ҷамъ дар 63 объект анҷом додани корҳои таъмир, тармим ва таъмири асосӣ муқаррар гардидааст. Аксарияти ин объектҳо, яъне 42‑тои онҳо муассисаҳои таълими мактабӣ мебошанд. Инчунин, дар байни онҳо объектҳои соҳаи тандурустӣ, таълими томактабӣ низ ҳастанд. Ҳоло лоиҳаҳои объектҳо аниқ гардида, хароҷоти сметаи лоиҳа таҳия карда шудааст ва хулосаҳои экспертиза гирифта мешавад. Барои баъзе аз онҳо ташкилотҳои сохтмонӣ низ муайян гардидаанд. Дар ҷараёни муҳокима зарурати афзунсозии масъулияти ташкилотҳои лоиҳасоз ва сохтмонӣ бобати анҷом додани корҳои таъмириву тармимӣ, пурзӯр кардани назорат дар самти иҷрои саривақтии корҳо таъкид гардид.
Ҷонишини сарвари Садорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими вилоят Б. Худойқулов оид ба корҳое, ки дар соли 2023 доир ба иҷрои Стратегияи «Ӯзбекистон‑2030» амалӣ гардидаанд, ҳисобот дод.
Вай дар баромади худ таъкид кард, ки дар мавсими баҳори 2023 дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз», ки ба барқарорсозии вазъияти экологӣ нигаронида, ҷамъ 10 миллиону 364 ҳазор (101,5 фоиз) ва дар мавсими тирамоҳ 7 миллиону 323 ҳазор ниҳол шинонида шудааст. Дар мавсими баҳори соли равон аз рӯйи шинонидани 10,2 миллион бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, мевадиҳанда ва сояафкан дар ҳудуди вилоят барнома тасдиқ карда, то ҳол 2,5 миллион бех ниҳол шинонида шудааст.
Соли гузашта дар самти васеъ кардани майдони ҷангалзор ва буттазорҳо, ҳифзи замин аз эрозия ва нигоҳдории объектҳои мелиоративӣ аз резиш, пешгирии таъсири манфии тағйирёбии иқлим, таъмини ҳифзи бовариноки гуногунии биологӣ, васеъ кардани минтақаҳои табиии ҳифзшаванда, беҳсозии сифати хидматҳои ҷамъоварӣ ва кашондани партовҳо, пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера як қатор корҳо амалӣ гардиданд.
Депутатҳо таъкид карданд, ки корҳои иҷрошаванда натиҷаи дилхоҳро намедиҳанд ва зарурати афзунсозии самарадории фаъолияти садорат ва ташкилотҳои онро ёдовар шуданд.
Бахусус, аз рӯйи андешидани чораҳои таъсиргузор бобати баҳисобгирии дақиқи ниҳолҳо, ки дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» шинонда шуданд, нигоҳубини онҳо, пешгирии ифлосшавии обу ҳаво, истифодаи технологияҳои замонавӣ дар самти ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳо таклифу тавсияҳои худро баён карданд.
Дар идома ҳисоботи сарвари Сарсадорати роҳҳои автомобилии вилоят оид ба таъмини иҷрои Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12‑уми июли соли 2022 «Дар бораи тасдиқи барномаи умумимиллии «Роҳи бехатар ва равон», ки дар солҳои 2022–2026 барои татбиқ дар вилоят пешбинӣ шудааст» шунида шуд.
Депутатҳо баробари шунидани ҳисоботи сарвари садорат аз рӯйи гузоштани аломатҳои роҳ ва чароғҳо дар роҳҳои автомобилгард, бунёди роҳҳои пиёдагардон ва велосипедронӣ, анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва тармимӣ дар масофаи 35 километри роҳҳо, амалӣ кардани корҳои таъмири ҷорӣ дар 222 километр роҳҳо, инчунин, соли ҷорӣ дар масофаи 298 километр сохтани роҳҳои автомобилгард, анҷом додани корҳои азнавсозӣ ва таъмир, қайд карданд, ки корҳо дар ин самт ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нестанд.
Зимнан зикр гардид, ки қисмати шоҳроҳи Самарқанд-­Тошканд, ки аз ноҳияҳои Булунғур ва Ҷомбой мегузарад, имрӯз дар ҳолати корношоям қарор дошта, боиси эътирози ронандагону мусофирон шудааст. А. Ӯроқов гуфт, ки ба бунёди ин роҳ беш аз чил сол шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест ва ба ҷои ҳар сол онро таъмир кардан, лозим аст, бозсозӣ шавад. Ва гуфт, ки ин кор мумкин дар ду соли наздик бар асоси барномаи инвеститсионӣ анҷом дода шавад. Аммо депутатҳо қарор карданд, ки барои суръат бахшидан ба ин кор аз ҷониби Шӯро ба Кумитаи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ муроҷиат мекунанд.
Инчунин, депутатҳо дар мавриди сари вақт барнагардонидани посух ба дархостҳои ба ин идора фиристодашуда ва сифати як қатор роҳҳо аз сардори идора шарҳу тавзеҳот хостанд.
Дар сессия сарнақшаҳои маҳаллаи Нисботи ноҳияи Ургут, маҳаллаи Ҷумабойи ноҳияи Каттақӯрғон, маҳаллаи Чорлоқи ноҳияи Қӯшработ, маҳаллаи Кӯтармаи ноҳияи Иштихон, маҳаллаи Янгиқӯрғони ноҳияи Оқдарё, маҳаллаи Ҷумъабозори ноҳияи Тайлоқ, маҳаллаи Ҳунарманди ноҳияи Пахтачӣ ва схемаи аз ҷиҳати шаҳрсозӣ ривоҷдиҳии маҳаллаҳои шафати онҳо тасдиқ карда шуданд.
Инчунин, масъалаҳо дар бораи баррасии маводи тақдимотӣ роҷеъ ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ҷамоатӣ ва рухсатдиҳӣ барои бо амлокдорон гузарондани мулоқоти кушода, аз тарафи Шӯрои намояндагони халқи вилоят тасдиқ кардани тартиби шунидани ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят муҳокима гардиданд.
Аз рӯи масъалаҳои дар сессия муҳокимашуда қарорҳои Шӯро қабул карда шуданд.