Ovozi.uz

Cоҳибкори муваффақ: ташаббус, меҳнат ва иродаи мустаҳкам

19-уми ноябр – Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор

Марям Ниёзова таъсисгар ва директори корхонаи хусусии «Кумуш Тола»-и ноҳияи Каттақӯрғон, имрӯз яке аз шахсиятҳои намоёни соҳибкорӣ ва истеҳсолоти саноатии вилоят ба шумор меравад. Ӯ ҳамчун депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва аъзои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят саҳми муносиб мегузорад.

Ӯ аз оғози фаъолият то имрӯз ба беҳтар кардани муҳити тиҷорат, рушди соҳибкорӣ, ҷорӣ кардани навовариҳо дар истеҳсоли абрешим, саноатӣ кардани  минтақаҳои дурдаст ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар саҳми муносиб мегузорад. Ӯ, ҳамчунин ба таъсиси даҳҳо ҷойҳои нави корӣ муваффақ гардида, барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ хизматҳои шоиста кардааст.

Ин аст, ки меҳнату талошҳои пайвастаи ӯ аз ҷониби давлат қадрдонӣ шудаанд. Марям Ниёзова соли 2014 бо медали «Шуҳрат», соли 2020 бо нишони сарисинагии «Пиллапарвари хидматнишондода», соли 2022 бошад бо мукофоти «Соҳибкори фаъол» сарфароз гардидааст.

Имрӯз корхонаи «Кумуш Тола» дар масоҳати 3 гектар ҷойгир буда, дорои пойгоҳи хӯрокии 350 гектар мебошад. Ин инфрасохтори пуриқтидор ба корхона имкон медиҳад, ки фаъолияти истеҳсолиро устувор пеш барад, сифати маҳсулоти абрешимиро баланд бардорад ва дар бозори дохилию хориҷӣ мавқеи худро тақвият диҳад.

Қаҳрамони мо бо кордонию масъулият ва меҳнати содиқона ҳамчун намунаи равшани зани соҳибкори навовар шинохта шудааст.

— То ин дараҷа расидан осон набуд, албатта, — гуфт Марям Ниёзова. —  Душвориҳо хеле зиёд буданд, лекин рӯҳафтода нашуда, кори худро бо дасту дили гарм идома додем. Ҳамин тавр, бо мурури замон фаъолияти корхонаро оҳиста-оҳиста васеъ кардем. Танҳо азму иродаи қавӣ кумак кард, ки орзуҳоямонро амалӣ гардонем. Имрӯз ба мақоми кластери абрешим соҳиб шудам. Сабаб дар он аст, ки бо шинонидани дарахти тут заминаи хӯроквориро ташкил намуда, парвариши пилларо бо хоҷагиҳо дар асоси шартнома ба роҳ мондам. Аввал, коркарди пешакии пилларо «аз пилла гирифтани абрешим» сар кардем. Ҳоло дар корхона корҳои аз истеҳсоли абрешим сар карда, то истеҳсоли матоъ ҷараён доранд.

Корхона сараввал фаъолияти худро бо дастгоҳҳои механикӣ оғоз кардааст. Аз соли 2010 хати аввали ресандагии абрешим дар асоси технологияи муосири хитоӣ ба кор даромад.  Соли 2018 хати дуюм ба кор андохта шуд, ки истеҳсолотро боз ҳам васеътар намуд. Имрӯз тавассути хатҳои автоматӣ дар як сол то 150 тонна пиллаи хушк аз нав коркард шуда, 30 тонна нахи хом истеҳсол мегардад.

— Ашёи хоми асосии корхона пилла аст, — гуфт қаҳрамони мо. — Яъне, пилла коркард мешавад. Онро худамон парвариш мекунем. Бо фермерони хоҷагии қишлоқи ноҳия дар асоси шартнома кор мебарем. Онҳо бо истифодаи пойгоҳи хӯроки мавҷуда, тухми кирмак ва таҷҳизотҳои зарурӣ кирмак парвариш мекунанд. Мо ба онҳо пул медиҳем ва онҳоро қабул мекунем. Ҳоло дар корхонаи мо 50 нафар фаъолият мебаранд. Аз онҳо 42 нафар занону боқимонда мардҳоянд.

Фаъолият ва дастовардҳои Марям Ниёзова нишон медиҳад, ки ташаббуси соҳибкорӣ, меҳнати содиқона ва иродаи мустаҳкам то чӣ андоза метавонад, ҳаёти инсон ва ҳатто як минтақаро дигаргун созад.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА