Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ рӯзи 18-уми ноябр бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мулоқот кард.
Трамп ҳангоми дидор бо бин Салмон дар Кохи Сафед гуфтааст, ки Арабистони Саудӣ барои 600 миллиард доллар сармоягузорӣ дар Амрико мувофиқат кардааст ва валиаҳди ин кишвар ваъда дод, ки ин сармоягузориро ба 1 триллион доллар афзоиш медиҳад. Бин Салмон ҳам ин гуфтаи Трампро тасдиқ кардааст.
Ҳамчунин, ба гузориши расонаҳо, ҷонибҳо имкони фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии “F-35”-и Амрико ба Арабистони Саудиро баррасӣ кардаанд. Трамп гуфтааст, ҳарчанд иҷозатномаи фурӯши ин ҷанганда то ҳол ниҳоӣ нашудааст, вале ӯ интизор дорад, ки Саудӣ ва ширкати дифоъии амрикоии “Lockheed Martin” — тавлидкунандаи ҳавопаймоҳои “F-35” ба созиш мерасанд. Раисҷумҳури Амрико гуфтааст, медонад, ки Исроил мехоҳад ИМА ба Саудӣ навъи заифтари ҷангандаҳоро фурӯшад, вале ба Арабистон низ нусхаи ҷангандаҳои радаргурези “F-35”-и монанд ба ҳавопаймоҳои Исроил фурӯхта хоҳад шуд. То кунун Исроил ягона кишвари Ховари Миёна аст, ки “F-35” дорад ва мақомоти ин кишвар нигаронанд, ки бо даст ёфтани Саудӣ ба ин навъи ҷангандаҳо тавоноиҳоии низомии онҳо заифтар мешавад.
Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, дар доираи сафари валиаҳди Арабистони Саудӣ ба Амрико қарор аст ду кишвар дар мавриди ҳамкориҳои ҳастаии ғайринизомӣ низ қарордод имзо кунанд.
Сафари бин Салмон имрӯз ҳам дар Амрико идома хоҳад дошт.
