Ovozi.uz

Зидан беҳтарин футболбози тамоми замонҳоро ном бурд. Ин Месси ё Роналду нест

Собиқ сармураббии “Реал Мадрид” ва футболбози машҳури фаронсавӣ Зинедин Зидан дар бораи беҳтарин футболбози тамоми давру замон изҳори назар кард.

“Агар лозим мешуд, ки беҳтарин бозигари таърихро ном барам, ман Роналдои бразилиро интихоб мекардам. Он чизе, ки ӯ дар майдон мекард, воқеан аҷиб буд. Ӯ ба рақиб мегуфт: “Ҳоло финт мекунам” ва воқеан ҳам анҷом медод”, — фишурдаи суханони Зиданро нашрияи ESPN иқтибос овардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар давоми фаъолияти бозигариаш Роналдо дар дастаҳои “Крузейро”, ПСВ, “Барселона”, “Интер”, “Реал Мадрид”, “Милан” ва “Коринтианс” бозӣ кардааст. Аз ҳама бештар Роналдо дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ кардааст. Ӯ дар 177 бозӣ ба задани 104 гол дар ҳайати дастаи шаҳри Мадрид ноил шудааст.

Дар ҳайати дастаи миллии Бразилия бошад, Роналдо 99 бозӣ гузаронда, 62 гол ва 32 паси головар анҷом додааст.