Ovozi.uz

Санаи баргузории сессияи 98-уми Шӯрои намояндагони халқи вилоят муайян гардид

Қарори ҳокими вилоят Э.Турдимов «Дар бораи даъвати сессияи наваду ҳаштуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум» имзо гардид.
Мувофиқи қарор сессияи наваду ҳаштуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд 26 уми апрели соли 2024 даъват карда шуд.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шудааст:
— ҳисоботи директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Самарқанд сув таъминоти” К.Юсуфов аз рӯйи таъмини иҷрои Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23-юми октябри соли 2023 “Дар бораи чораҳои иловагӣ аз рӯйи такмилдиҳии минбаъдаи системаи таъминоти оби ошомиданӣ ва партовобҳо” таҳти рақами ҚП-343 дар вилоят;
— ахбороти намояндаи минтақавии вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳуқуқҳои инсон (Омбудсман) дар вилоят Д. Ҳусейнов роҷеъ ба корҳое, ки дар соли 2023 амалӣ гардидаанд;
— дар бораи тасдиқи миқдори тарифҳои пардохти маҷбурӣ барои хидматрасонӣ аз рӯйи ҷамъоварӣ ва кашондани партовҳои маишӣ дар минтақаҳо;
— дар бораи ворид кардани тағйирот ба ҳудуд(сарҳад)-и Минтақаи саноат ва тадбиркории ҷавонони ноҳияи Пастдарғам;
— дар бораи тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба пурзӯр намудани масъулияти шахсии ҷонишинҳои роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷрои маҳаллӣ бобати иҷрои вазифаҳои дар ӯҳдаашон гузошташуда» таҳти рақами ҚП-5230
иҷрои нишондиҳандаҳои самарадории фаъолияти ҷонишинҳои ҳокими вилоят дар чоряки I ва тасдиқи нақшаи чорякҳои II, III, IV соли 2024;
— дар бораи дар асоси қарори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10-уми феврали соли 2024 таҳти рақами SQ-875- IV тасдиқ кардани барномаи чорабиниҳои маҷмӯӣ аз рӯйи татбиқи Стратегияи ноил шудан ба баробарии гендерӣ то соли 2030 дар вилоят дар соли 2024;
— дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят;
— дар бораи тасдиқи баъзе қарорҳои ҳокими вилоят.