Ovozi.uz

Нусхаи охирини филмномаи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” тасдиқ шуд

Нусхаи охирини филмномаи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва ба зудӣ филмбардорӣ оғоз мегардад. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар медиҳад.
Нусхаи ниҳоии филмномаи филми ҳунарии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” мувофиқа ва тасдиқ гардид. Зери он протокол муовини директори “Ӯзбекфилм” Шуҳрат Ризоев ва директори “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён имзо гузоштанд.
Бояд гуфт, ки тасмими филмбардорӣ дар бораи Ҷомиву Навоӣ соли 2021, зимни сафари президентони ду кишвар ба давлатҳои якдигар рӯи даст гирифта шуд.
Бино ба иттилои манбаъ филм аз ду қисм иборат буда, ҳудуди 4 соат таҳия мешавад.
Интизор меравад, ки то охири тобистон филмбардорӣ оғоз шавад.