Ovozi.uz

Гулдастаи зебои тарҷумаҳо

Китоби нав

Ҳар як номи нав дар адабиёт аз падидаи тозае гувоҳӣ медиҳад ва як умедвории некеро ба дили одам илқо менамояд. Ба даст расидани китоби тарҷимаҳои «Уқёнуси бепоёни ман» («Поёнсиз уммоним менинг»)-и эҷодкор Ҳусниддин Файёзов ҳам аз ҳамин гуна падидаҳои нави адабиёт аст.
Сокини маҳаллаи Мерганчаи ноҳияи Ургут Ҳусниддин Файёзови омӯзгор солҳои дароз боз эҷод мекунад. Ӯ узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон аст. Чандин сол масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Ургут садоси» буд. Баробари хабару мақолаҳо дар жанри публитсистика ҳам қувва меозмуд.
Ба шеърият аз хурдсолӣ ихлоси баланд дорад. Бинобар ҳамин, ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони ӯзбекӣ шеърҳо менависад. Баъди ба нафақа баромадан ҷиддан ба эҷод машғул гардид.
Ба китоби ӯ таҳти унвони «Ғаввоси дарёи шеъри ноб» узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Анзурати Маликзод пешгуфтори пурмазмуну мӯъҷазе навишта, аз ҷумла қайд кардааст: «Уқёнуси бепоёни ман» гулдастаи зебои тарҷумаҳо аз боғи дилкушои шеъри форсии тоҷикӣ мебошад, ки мутарҷими аҳли дил тавонистааст накҳат ва рангу бӯйи ба худ хоси гулҳои муаттари боғи адабро амонатдорона ҳифз ва дар ҳар як калимаи тарҷимааш нигоҳ дорад».
Ба қавли худи муаллиф солҳо боз бо тарҷума ҳам сару кор дорад. Шеърҳои аз забони русӣ тарҷумакардааш ҳам як китоб мешавад. Аз тоҷикӣ ҳам тарҷумаҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Худи шеърҳои Гулрухсор Сафиева бояд як китоби алоҳида шаванд. Инчунин, аз дигар шоирони тоҷик ҳам 10—15_тоӣ шеърҳоро ба забони ӯзбекӣ гардонидааст.
Ҳусниддин Файёзов дар ин китоб аз тарҷумаи шеърҳои Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ сар карда, то шеърҳои шоирони ҳозираи тоҷик Бузургмеҳри Ҳакиму Рӯё, ҷамъ ашъори 16 нафар эҷодкоронро ҷой додааст. Дар китоб аввал шеър дар забони асл, баъд тарҷимаи ӯзбекии он оварда шудааст. Ин амал барои хонандагони ҳар ду миллат ҳам муфид буда, ҳусну қубҳи тарҷумаҳо бараъло намоён мегарданд.
Ба қарибӣ, ки Президенти муҳтарамон Шавкат Мирзиёев бо ташрифи расмӣ ба Душанбе рафта, якҷоя бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28 санадро, ки ба тамоми соҳаҳои ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи байни ин ду мамлакат хизмат мекунанд, ба имзо расониданд. Ин гуна китобҳо барои боз ҳам мустаҳкам шудани дӯстӣ ва робитаи ҳамкориҳои муфиди ду халқи дӯсту ҳамсоя хизмат хоҳанд кард.

Б.ҶУМЪАЕВ