Ovozi.uz

Чашмон — оинаи дили соф

Ҳар кас, ки бо рассоми мониқалам, Арбоби санъати Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Даврон Сафоев боре вохӯрда бошад, симои ин марди ҳунар як умр аз лавҳи хотираш зудуда намегардад. Ӯ шахси ниҳоят хоксору камтарин буд. Чашмони мешии меҳрбору дили софу беолоише дошт. Мулоимсухану мулоимтабиат буд. Агар касе ягон хоҳиш намояд, ҳазору як кори худро ба як сӯ гузошта, аввал ҳоҷати он одамро мебаровард.

Даврон Сафоев аз таъсис ёфтани рӯзномаи “Овози Самарқанд” бениҳоят хурсанд шуда буд. Паспорти аввалини газетаро ҳам ӯ кашид. Баъдтар кормандони рӯзнома бо ҳар гуна хоҳишу илтимосе ба наздаш оянд, бо дилу ҷон ба ҷо меовард. Агар саҳифаҳои бастаи солҳои 1990-2015-ро варақ занед, бараъло ба ин гувоҳ мешавед.

Даврон Сафоев соли 1932 дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд таваллуд ёфта буд. Аввал дар мактаби рақами 9 ва баъдтар дар мактаби рақами 22-и шаҳр хонд. Баробари таҳсил шогирди устоҳои ҳунарманди гачкор шуд. Барои касбомӯзӣ ба омӯзишгоҳи санъати Самарқанд низ мерафт. Вале ин омӯзишгоҳ ба Тошканд кӯчиду хатми он ба Даврон Сафоеви ҷавон муяссар нагардид.

Ҳангоми таҳсил вай пас аз дарсҳо ба дӯкони падараш мерафт. Падараш дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Шердор сартарошӣ мекард. Дар солҳои ҷанг ва баъдиҷангӣ дар Самарқанд бисёр муҳоҷирон умр ба сар мебурданд. Дар байни онҳо муссавирон ҳам буданд. Баъзеи онҳо дар майдони Регистон бо тасвири обидаҳои нодири меъморӣ машғул мешуданд. Ӯ ба корҳои онҳо зеҳн монда, ба ин касб дил баст. Ҳарчанд падараш мехост, ки ӯ пайрави касбаш шавад, вай аз пайи омӯзиши асрори рассомӣ шуд.

Солҳои 1951-1953 таҳсили касби мусаввирии худро дар омӯзишгоҳи бадеии Тоҷикистон давом дод. Ду сол саррассоми журнали ҳаҷвии “Хорпуштак” буд.

Баъд Институти театриву бадеии Тошкандро ба итмом расонида, дар омӯзишгоҳи бадеӣ, музейи санъати тасвирӣ, вазорати маданият ва солҳои 1964-1971 дар вазифаи рассом – ба саҳнагузорандаи Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии Тоҷикистон кор кард.

Соли 1971 бо хоҳиши вазорати маданияти Ӯзбекистон барои кори доимӣ ба Театри давлатии опера ва балети Самарқанд омад. Ҳамчун рассоми басаҳнагузоранда ба идомаи корҳои мураккабу пурмасъулияти худ пардохт. Даврон Сафоев дар давоми солҳои зиёд ба сифати рассоми театр беш аз 50 асари драмавӣ, опера ва балетро ба саҳна гузошт. Вай барои намоишномаҳои “Хизматгори ду бой”-и К.Голдонин дар театри Мирзочӯл, “Замини нав”-и А.Қаҳҳор дар театри вилояти Сурхондарё, “Шӯълаи Помир”-и И.Послов, “Рустам ва Сӯҳроб”, ”Умари Хайём”-и Р.Абдулло дар театри Хоруғ, “Духтари кӯҳистон”-и Р.Ғамзатов, “Дил дили Зайнаб”-и театри давлатии академӣ –драмавии Тоҷикистон декоратсияҳо офарид. Ороиши беназири саҳнаҳои операҳои “Бедоршавӣ”-и Н.Зокиров, “Комде ва Мадан”-и З.Шаҳидӣ, “Қалби шоир”-и М.Ашрафӣ, “Кармен”-и Ҷ.Бизе, “Фауст”-и Ш.Гуно, ”Фарҳод ва Ширин”-и Ю.Раҷабӣ ва Г.Мушел, балетҳои “Гулсанам”-и М.Юсуфов, “Афсонаи Самарқанд”-и Г.Мушел, “Василисаи зебо”-и А.Берлин, “Достони Рустам”-и М.Ашрафӣ, “Макбет”-и К.Молчанов, драма ҳои мусиқии “Алпомиш”-и С.Абдулло ва Т.Ҷалилов, “Равшан ва Зулхумор”-и К.Яшин ва Т.Ҷалилов, ки дар саҳнаҳои театри Самарқанд гузошта шудаанд, маҳсули меҳнати эҷодии Даврон Сафоев ба ҳисоб мераванд.

Саҳми Даврон Сафоев дар инкишофи жанрҳои дигари санъати тасвирӣ низ калон аст. Вай дар жанрҳои карикатура, портрет, графика асарҳои нодир офаридааст. Бештар аз 60 китоби эҷодкоронро зебу ороиш додааст. Портретҳои офарида ӯ — Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Абуабдулло Рӯдакӣ, Имом Бухорӣ ва ғайра дар маҷалла ва китобҳои таърихӣ ҷой дода шудаанд. Зиёда аз 400 асари ҳаҷвии ӯ низ мавқеи муҳим доранд.

Даврон Сафоев бо асарҳои худ дар 32 намоишгоҳи республикавию баналхалқӣ иштирок намудааст. Як қисми асари ӯ дар музейҳо ва коллексияҳои шахсӣ ҷой гирифтаанд.

Вай дар асарҳояш хислатҳои қаҳрамонашро ба хубӣ дарк карда, зебоиҳои ҳаёт, манзараҳои табиат, моҳияти рангҳоро мувофиқи мазмун пуртаъсиру ҷилодор тасвир кардааст. Дар портретҳо ҳадафи мусаввири борикбин на танҳо тасвири симоҳо, балки инъикоси инсон, заҳматҳои вай, фалсафаи ҳаётӣ ва пайвастагӣ бо таърихи диёрамон аст. Номи неку асарҳои офаридаи ин устоди санъат солҳо аз ёди одамон ва тамошобинони он намераванд.

Даврон Сафоев ҳамчун рассом, ҳамчун як ихлосманди каломи бадеъ ва мухлису ороишгари беғарази рӯзнома 25 сол ҳамдаму ҳамнафаси рӯзнома буд. Ёриву мададашро ҳаргиз дареғ намедошт.

Ёдаш ба хайр, ин устоди санъат 20-уми ноябри соли 2015 аз олами чашм пӯшид.

Ҳоло номи неку кори ӯро дар театр писари арҷмандаш Баҳром Сафоев давом медиҳад.

Мо дар арафаи 90-солагии зодрӯзи ин абармарди Самарқанд бо пайрави падар – Баҳром Сафоев вохӯрда, сӯҳбат намудем.

— Дар Душанбе падару модарам бо ҳамдигар вохӯрда, хонадор шудаанд. Дар натиҷа мо фарзандон — ман ва хоҳарам ба дунё омадаем. Ман хушбахтам, ки дар оилаи нағз таваллуд шуда, ба воя расидаам. Аз хурдсолӣ эътибор ба тарбияи мо калон буд. Модарам муаллима буданд. Падарам бо роҳхат барои кор ба Душанбе рафта, соли 1971 бо дархости ҳукумати Ӯзбекистон боз ба зодгоҳашон – шаҳри Самарқанд кӯчида омаданд.

Падарам дар театри опера ва балети Самарқанд ба кор сар карданд ва то охири умр дар ҳамин ҷо заҳмат кашиданд. Солҳои охир ҳам бекор набуданд. Доимо ба корҳои эҷодӣ машғул мешуданд.

Ман расман аз соли 1996 дар вазифаи саррассоми театр кор кунам, ки он кас ҳамчун маслиҳатчӣ — консултант омада мерафтанд.

Ҳанӯз дар ёдам ҳаст: ман он солҳо бача будам. Падарам дар театр кор мекарданду ман ҳамеша ҳамроҳашон будам. Ҳангоми мактабхонӣ ҳам, баъди дарсҳо ба театр меомадам. Ҳозир фикр мекунам, ки ҳамон вақтҳо устохонаи падарам барои ман як мактаби зиндагӣ шуда будааст.

Ба назди падарам бисёр одамон меомаданд. Аз хориҷа ҳам, аз мамлакати худамон ҳам. Якҷоя дар бораи ба саҳна гузоштани спектаклҳо сӯҳбат мекарданд. Барои ба саҳна мондани спектакл чӣ кор кардан лозим, декоратсия, костумҳоро чӣ хел тайёр кардан зарур ва ғайраро падарам бисёр нағз медонистанд. Падарам ба режиссёр ва балетмейстерҳо бисёр ёрдам медоданд. Онҳо аз падарам миннатдор буданд, ки баробари маслиҳатҳои хуб бисёр ғояҳои пурқуввати худро пешниҳод мекунанд.

Он вақтҳо хурд бошем, ки ҳоло ҳамааш дар хотирам аст. Ба туфайли ҳамин гуна амалу рафтори падарам ман ҳам бо олимону эҷодкорон шинос мешудам. Баробари ҳамин, таҷриба меомӯхтам, бо одамон муомилаву муносибат карданро ёд мегирифтам. Маданияти худидоракунии онҳо, бо якдигар чӣ хел муносибат мекунанд, гап мезананд, ба ман бетаъсир намемонданд. Ҳоло дар байни мардум маданияти гуфтору рафтор каме коста шудааст. Гум шудааст гуфтан мумкин не, фақат суст шудааст. Барои барқарор кардани онҳо, ба фикрам, боз вақт даркор.

Ман то ҳол аз ҷаҳонбинии амиқ, андешаи фарох ва фикрронии ғайриоддии падарам дар ҳайрат мемонам. Шуурнокиашон ончунон баланд будааст, ки ман ҳаргиз ба ҳамон дараҷа расида натавонам. Ман ин гапҳоро на барои он мегӯям, ки он кас падарам буданд, балки ҳамчун инсон ҳақиқати маҳзро гуфта истодаам. Ман баъди ба кор сар кардан амиқии диду фикрашонро ба таври возеҳ эҳсос кардам. Ин натиҷаи таҳсилашон дар институт бошад, ки таълими хуб додаанд ё худомӯзӣ ва ё таҷрибаи зиндагӣ аст, ман намедонам.

— Барои интихоби касби рассомӣ шуморо падаратон водор карданд?

— Не, ин як чизи аҷоиб. Падарам дар ҳамаи соҳаҳо ёру бародар ва ошноҳо доштанд. Ҳама падарамро ҳурмат мекард, ин кас ҳам ҳамчунин. Як дӯсташон дар институти хоҷагии қишлоқ кор мекарданд. Боре он кас гуфтанд, ки “Давронака, дида истодаам, ки писарчаатон бисёр бачаи қобилиятнок, илмдӯст, гапфаҳм аст. Ҳамин писарчаатонро ба мо диҳед, дар факултети агрономӣ ё чорводорӣ хонад, ман ин касро олим мегардонам”. Падарам ба ман рӯ оварда гуфтанд: “Баҳромҷон, шумо ба ин гап чӣ мегӯед?” Ман дар ҷавоб гуфтам: “Мо дар шаҳр бошем, дар ким-кадом қишлоқҳо ман акнун гову гӯсоларо табобат карда мегардам?” Ба ин гапи ман падарам хандида гуфтанд: “Гапат дуруст, бачем, боз худат медонӣ”.

Қарор додем, ки барои хондан ба Маскав равам. Чунки ман дар расмкашӣ маҳорати баланд доштам. Аз афташ, ин аз падарам гузаштааст. Ҳамроҳи модарам ба Маскав не, ба Ленинград рафтем. Модарам дар институт диданд, ки намояндагони миллатҳои дигар бисёранд, аз афташ тарсиданд, ки мабодо ман аз ин тараф боз бо ягон кас ҳамроҳ шуда наравам. Бинобар ҳамин, дар он ҷо ба хондани ман қатъиян монеъ шуданд. Ба ман чизе нагуфта бошанд, ки ба Самарқанд омада, дар пеши падарам “ултиматум” мондаанд, ки пеши роҳамро гиранд. Баъд қарорамон тағйир ёфт. Дар ҳамин ҷо, дар Институти бинокорӣ ва архитекутура, ки он солҳо номаш баромада буд ва шӯъбаи рассомӣ ҳам дошт, ҳуҷҷат супурдам. Таҳсил дар дигар институтҳо 5-сола бошад, дар ин ҷо муддати таҳсил 6 сол буд. Имтиҳон супурда, ба ҳамин институт даромадам. Ҳамон солҳо ҳам ба назди падарам омада мерафтам. Таҷриба, ки доштам, корҳои идораҳои давлатӣ, оро додани саҳнаҳо, ороиши майдонҳои идгузаронӣ ва ғайраро ба ҷо меовардам. Баъдтар корхонаи эҷодӣ кушодам. Бо вуҷуди он, ба устохонаи падарам рафтуо мекардам. Оҳиста-оҳиста ин ҳунар – ҳунари ороиши саҳнаи театрро ҳам омӯхтам.

— Аз чиҳо устод парешонҳол мешуданд ё асабонӣ мегаштанд?..

— Албатта, дар ҳамон вақтҳо ҳам, дар корхонаҳо ҳар хел гапҳо мешуданд, муносибатҳои дилгирона ба амал меомаданд. Дар ин хел вақтҳо он кас худдорӣ карда метавонистанд. Вале бештар, ба фикрам, аз пеш нарафтани корҳои эҷодии худ асабонӣ мешуданд. Инро барои он “ба хаёлам” гуфта истодаам, ки он кас ҳангоми ба амал омадани конфиликтҳо худро медоштанд. Боз дилтангӣ ё асабонияти худро ба ҳеҷ кас нишон намедоданд. “Дар эҷод чаро ин он хел не, ин бояд ана ин хел шавад, ё чаро одамон инро намефаҳманд?” гуфта хафа мешуданд. Дар театр ҳам барои интихоби спектаклҳо, кадом намоишномаро гирифтан, онҳоро чӣ хел ба саҳна гузоштан, барои оммаи мардум кадом намоишномаҳо манфиатовар аст, талош мекарданд. Вале ин маънои онро надорад, ки доимо асабӣ мегаштанд… Мабодо ҳамин хел бошад ҳам, инҳоро ба дигарон зоҳир намекарданд. Дар кӯча ё маъракаҳо доимо хурсанд мегаштанд. Он кас табиатан бисёр шахси ором буданд, худашонро дар ҳар гуна вазъият идора карда метавонистанд. Ё шояд азобҳои руҳиашон даруннокӣ буд, ки ман намедидам.

Баъде ки ман калонтар шудам, бо ман ҳамчун шахси калонсол сӯҳбат мекарданд. Сӯҳбатҳои мо асосан дар бораи эҷод, ба корҳои театр вобаста буд. Ман бадӣ кардани ягон касро бо падарам мушоҳида накардаам. Зеро он кас бо ҳама забон меёфтанд. Дар ҷойҳои лозима суханашонро гуфта, фаҳмонида ва ҳақ будани худро исбот карда метавонистанд. Ҳамин хел хислатҳои падарам ба ман ҳам расидааст, ки гапамро рӯирост мегӯям. Ҳамчун як эҷодкори оддӣ фикрамро натарсида баён мекунам. Мо мансаб надорем, ки дар пеши одами калон тарсем. Ба ягон маҷлис ё ҷамъомаде барои маслиҳатпурсӣ ҷеғ зананд, баъзеҳо аввал ба даҳони калонҳо менигаранд, ки онҳо чӣ мегӯянд. Баъд ба рафти об нигоҳ карда, сухан мекунанд. Вале ман ин хел не…

Табиати одамизод ҳамин хел аст, ки аз худ чизе боқӣ гузорад. Албатта, бисёр корҳои майда-чуйда, асарҳои нотамом буданд, ки монда рафтанд. Масалан, як картинаашон нотамом. Ё мусаввараи дигар чала. Илҳом наомада, онҳо нотамом мондаанд. Ин хел чизҳо дар эҷодкорон мешавад. Баъзе чизҳоро сар мекунед, баъд илҳоми эҷодӣ намеояд ва он солҳои сол нотамом мемонад. Ин хел асарҳо дар ман ҳам ҳастанд. Вале ман гумон намекунам, ки армони амалинашуда ҳам доштанд. Мабодо шогирдон нохалафие кунанд, ки он кас ин хел чизҳоро ба дилашон намегирифтанд. Садҳо шогирд доштанд. Ман ҳам шогирдони зиёд дорам. Онҳо меоянд, ёд мегиранд ва мераванд. Аз ин хафа шудан чӣ лозим? Онҳо ба роҳи худ мераванд. Албатта, мо мехоҳем, ки онҳо ба ягон дараҷае расанду устодат кӣ гуфта пурсанд, номи устодонро ба забон оранд. Агар ҳунару маҳорати худро мунтазам баланд бардоранд, ин шарафи устодон аст. Хайр, ин ҳам аз тарбия вобаста будагист.

— Ҷойи падарро гирифтед, ҳатто аз он кас каме пеш ҳам рафтед. Устод фақат бо мусаввириву ороиши саҳна сару кор дошта бошанд, шумо ҳатто намоишномаҳо навиштед…

— Ман, ки дар театр кор мекунам, якта-нимта чизҳои дар дилам бударо каме рӯйи коғаз фаровардам. Бо расм не, бо гап, чӣ хеле ки мегӯянд, бо қалам нишон додан хостам. Он кас ин масъаларо ҳаматарафа медонистанд, дар ин соҳа ҳам маҳорат доштанд. Лекин нанавиштанд. Падарам устоди бузурги ман ҳастанд ва ман аз падарам хеле миннатдорам. Ман фақат дар ин соҳа як қувваи худро санҷидам. Ҳоло ҳам баъзе чизҳо менависам. Ҳатто дутоашро худам ба саҳна гузоштам. Ин бар замми вазифа кори иловагӣ барин аст.

Бахтиёри ҶУМЪА