Ovozi.uz

Чаро дар тобистон дарунравии кӯдакон меафзояд?

Бо фарорасии фасли тобистон авҷи бемориҳои сироятӣ ба мисли бемориҳои домана, исҳоли хунин, салманелёз ба чашм мерасад. Сабаби хурӯҷи бемориҳои дарунравӣ он аст, ки бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафилакокҳо, стрептококҳо, диплакокҳои дар гирду атроф буда, ба организми одамон ворид шуда, зарари худро мерасонанд ва шахсро ба бемориҳои шадиди меъдаю рӯда мубтало мекунанд.
Роҳҳои гузариши ин бемориҳо
Ба ин беморӣ ба воситаи алоқа бо бемор ё шахси паҳнкунандаи ин беморӣ гирифтор шудан мумкин аст. Инчунин, ҳангоми истифодаи косаю табақи ин беморон ангезандаи ин бемориҳо метавонанд, ба воситаи об ба организми одамони солим ворид шаванд.
Сабаби дарунравии кӯдакон дар чист?
Сабаби дарунравии кӯдакон дар нодуруст ғизо додани кӯдакон мебошад. Тавре мушоҳида мешавад, ба ҷойи шири модар, ба кӯдак хӯрокҳои серғизо ва сахт медиҳанд, ки ба бемории дарунравӣ меоварад, зеро меъдаи кӯдакон барои ҳазм кардани ин гуна ғизоҳо ҳанӯз тайёр нестанд.
Аломатҳои беморӣ
Давраи ниҳонии бемории шадиди меъдаю рӯда аз якчанд соат то 3-6 шабонарӯз тӯл мекашад. Беморӣ ногаҳонӣ оғоз мешавад — бо дамиши шикам, дарди шикам, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии зуд-зуд. Дар бемории салмонелёз ранги наҷосат сабзи сиёҳчатоб, бо парда ва дар бемории исҳоли хунин бошад, бо парда ва хун, дар дигар бемориҳои дарунравӣ ва бемориҳои шадиди меъдаю рӯда ахлот зуд-зуд, яъне 10-15 маротиба омада, зард ва тунук мегардад, фишори хун паст мешавад, набз тез-тез мезанад. Даҳон, лабон ва пӯсти бемор хушк мешавад. Садамаи гиповалемӣ, яъне камшавии оби бадан мушоҳида мегардад. Дар вақти дарёфти ин гуна аломатҳо ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.
Дар вақти пайдошавии ин гуна бемориҳо беморро ба мутахассисон нишон дода, аз табобати дуруст истифода баред, косаю табақи ӯро ҷудо кунед. Агар духтури ҷойи зист тавсияи дар беморхона бистаришавӣ диҳад, рад накарда, табобати статсионарӣ гиред. Тозагии худ ва гирду атрофи хонаатонро риоя кунед. Ҳама вақт дастонатонро бо собун шӯед. Аз оби ҷӯшонидашуда истифода баред, ахлотпартовҳоро аз назди ҷӯйборҳо дур кунед, бо пашшаҳо мубориза баред, меваю сабзавотро шуста, баъд истеъмол намоед, обҳои дар зарф бударо бо сарпӯш маҳкам нигоҳ доред.