Фармондеҳии Олии Нерӯҳои Мусаллаҳи Эрон фармон дод, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро барои ҳамаи киштиҳо, аз ҷумла танкерҳои нафтӣ ва киштиҳои тиҷоратӣ банданд.
Дар ин бора штаби марказии «Ҳотам-ул-Анбиё»-и Нерӯҳои Мусаллаҳи Эрон хабар дод.
Эрон пас аз чанд ҳамлаи ИМА ба қаламрави худ, қарор кард, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро пурра бандад, хабар медиҳад Kazinform.
«Аз ин ба баъд, бинобар набудани бехатарӣ дар минтақа, гулӯгоҳи Ҳурмуз барои ҳама намуди киштиҳо, аз ҷумла танкерҳои нафтӣ ва киштиҳои тиҷоратӣ баста эълон карда мешавад. Ҳар гуна кӯшиши гузаштан аз гулӯгоҳ бо зарба қатъ карда мешавад», — хабар дод телевизиони давлатии Эрон бо такя ба штаби марказӣ.
Дар навбати худ, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ эълон кард, ки нерӯҳои баҳрии он ба ду киштие, ки кӯшиши гузаштан аз гулӯгоҳро доштанд, зарба задаанд.
