Раҳбари Амрико фармон дод, ки блокадаи баҳрии Ҷумҳурии Исломӣ бекор карда шавад.
Президенти Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки ИМА ва Эрон ба созиш расидаанд. Суханони ӯро агентии ТАСС иқтибос меорад.
«Бо Ҷумҳурии Исломии Эрон созиш кардем. Ба ҳама табрик мегӯям», — навиштааст ҷумҳурихоҳ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social.
Ба гуфтаи президенти ИМА, ҳарду ҷониб қатъи фаврӣ ва пурраи амалиёти низомиро дар ҳама ҷабҳаҳо эълон кардаанд.
Раҳбари Амрико инчунин эълон кард, ки дастур додааст блокадаи баҳрии Эрон бекор карда шавад ва ҳаракати киштиҳо тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз аз нав оғоз шавад.
Ба гуфтаи The Wall Street Journal, созишнома инчунин оташбаси Ливанро дар бар мегирад. Трамп изҳор дошт, ки сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро бо шартҳои созишнома қонеъ гардонидааст.
Ба гуфтаи хабаргузории Tasnim, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Козим Ғарибободӣ низ тасдиқ кардааст, ки ба созиш расидаанд.
Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф гуфт, ки маросими имзои созишнома 19-уми июн дар Швейтсария баргузор мешавад. Доналд Трамп ин маълумотро тасдиқ кард.
